372. ФИРЕБ ДОДАНИ ГУРГИН БЕЖАНРО
Бадандеш Гургини шӯридаҳуш,
Ба як сӯ ба беша даромад хамӯш.
Ҳама беша омад ба чашмаш кабуд,
Бар ӯ офарин карду шодӣ намуд.
Ба дил-ш андаромад аз он кор дард,
Зи бадномии хеш тарсид мард.
Дилашро бупечид аҳримано,
Бадӣ сохтан хост бар Бежано.
Сиголиш чунон буд, набишта чунин,
Накард эч ёд аз ҷаҳонофарин.
Касе, к-ӯ ба раҳ барканад жарф чоҳ,
Сазад, гар кунад хештанро нигоҳ.
Зи баҳри фузуниву аз баҳри ном,
Ба роҳи ҷавоне бигустард дом.
Ба Бежан чунин гуфт, к-«Эй паҳлавон,
Дили корзору хирадро равон,
Барояд туро инчунин кор чанд
Ба нерӯи Яздону бахти баланд.
Кунун гуфтаниҳо бигӯям туро,
Ки ман чанд раҳ будаам эдаро
Чи бо Рустаму Геву бо Густаҳам,
Чи бо Туси Нӯзар, чи бо Гуждаҳам.
Чи моя ҳунарҳо бад-ин паҳндашт
Бикардему гардун бар он баргузашт.
Куҷо номи мо з-он баромад баланд,
Ба наздики Хусрав шудем арҷманд.
Яке ҷашнгоҳ аст аз эдар на дур,
Ба дурӯза роҳ андарояд ба Тур.
Яке дашт бинӣ ҳама сурху зард,
К-аз ӯ шод гардад дили родмард.
Ҳама бешаву боғу оби равон,
Яке ҷойгоҳ аз дари паҳлавон
Замин парниёну ҳаво мушкбӯй,
Гулоб аст гӯӣ магар оби ҷӯй.
Хам оварда аз бор шохи саман,
Санам шуд гулу гашта булбул шаман.
Хиромон ба гирди гулон-бар тазарв,
Хурӯшидани булбул аз шоҳи сарв.