371. РАФТАНИ БЕЖАН БА ҶАНГИ ГУРОЗОН
В-аз он пас бисечид Бежан ба роҳ,
Камар басту бинҳод бар сар кулоҳ.
Биёвард Гургини Милодро,
Ҳамоварду ҳамрӯзи фарёдро.
Бирафт аз дари шоҳ бо юзу боз,
Ба нахчир кардан ба роҳи дароз.
Ҳаме рафт чун шер кафафканон,
Сари гӯру оҳу зи тан барканон.
Зи чанголи юзон ҳама дашт ғурм,
Дарида бару дил пур аз доғ гурм.
Ҳама гардани гӯр хамми каманд,
Чи Бежан, чи Таҳмураси девбанд?
Тазарвон ба чанголи боз - андарун,
Чакон аз ҳаво бар суманбарг хун.
Бад-ин сон ҳама роҳ бугзоштанд,
Ҳама роҳро боғ пиндоштанд.
Расиданд он ҷо, ки он беша буд
В-аз он шоҳи гурдон пурандеша буд.
Чу Бежан ба беша барафканд чашм,
Биҷӯшид хунаш бар ӯ-бар зи хашм.
Гурозон, гурозон на огоҳ аз ин,
Ки Бежан ниҳодаст бар бӯр зин.
Чу омад ба наздики беша фароз,
Ҳаме ҷуст ҳар сӯй ҷанги гуроз.
Ба Гургини Милод гуфт: «Андар ой
В-агар на ба як сӯ бипардоз ҷой.
Чу ман бо гуроз андароям ба тир,
Бирав то ба наздики он обгир.
Бад-он гаҳ ки аз беша хезад хурӯш,
Ту бардор гурзу ба ҷой ор ҳуш.
Ҳар он, к-ӯ биёбад зи чангам раҳо,
Ба як захм аз тан сараш кун ҷудо».
Ба Бежан чунин гуфт Гургини гав,
Ки «Паймон на ин буд бо шоҳи нав.
Ту бардоштӣ гавҳару симу зар,
Ту бастӣ мар ин размгаҳро камар,
Кунун аз ман ин ёрмандӣ махоҳ,
Ба ҷуз он ки бинмоямат ҷойгоҳ».