370. ДОДХОҲИИ ИРМОНИЁН АЗ ХУСРАВ
Чу Кайхусрав омад ба кин хостан,
Ҷаҳон сози нав хост оростан.
Зи Туронзамин гум шуд он тахту гоҳ,
Баромад ба хуршед-бар тахти шоҳ.
Бипайваст бо шаҳри Эрон сипеҳр,
Бар озодагон-бар бигустард меҳр.
Замона чунон шуд, ки буд аз нахуст,
Ба оби вафо рӯи Хусрав бишуст.
Ба ҷӯе, ки як бор бугзашт об,
Насозад хирадманд аз ӯ ҷои хоб.
Зи гетӣ ду баҳра бар ӯ гашт рост,
Ки кини Сиёвуш ҳаме бозхост.
Ба бигмоз биншаст як рӯз шод,
Зи гурдони лашкар ҳаме кард ёд.
Ба дебо биёроста гоҳ шоҳ,
Ниҳода ба сар-бар зи гавҳар кулоҳ.
Яке ҷоми ёқут пурмай ба чанг,
Дилу гӯш дода ба овои чанг.
Бузургон нишаста ба ромиш ба ҳам:
Фарибурзи Ковус бо Густаҳам;
Чу Гударзу Кашводу Фарҳоду Гев,
Чу Гургини Милоду Шопури нев;
Шаҳи нӯзарон Туси лашкаршикан,
Чу Харроду чун Бежани размзан
Ҳама бодаи хусравонӣ ба даст,
Ҳама паҳлавонони хусравпараст.
Май андар қадаҳ чун ақиқи Яман,
Ба пеш - андарун дастаи настаран.
Паричеҳрагон пеши Хусрав ба пой,
Сари зулфашон бар суман мушксой.
Ҳама базмгаҳ пур зи рангу нигор,
Камар баста дар пеши солори бор.
Зи парда даромад яке пардадор,
Ба наздики солор шуд ҳушёр.
Ки бар дар бипоянд ирмониён,
Сари марзи Эрону турониён.
Ҳаме роҳ ҷӯянд наздики шоҳ,
Зи роҳи дароз омада додхоҳ.