369. ДОСТОНИ БЕЖАН БО МАНИЖА ОҒОЗИ ДОСТОН
Шабе чун шаба рӯй шуста ба қир,
На баҳром пайдо, на кайвон, на тир.
Дигаргуна ороише кард моҳ,
Басечи гузар кард бар пешгоҳ.
Шуда тира андар сарои диранг,
Миён карда борику дил карда танг.
Зи тоҷаш се баҳра шуда лоҷвард,
Сипарда ҳаворо ба зангору гард.
Сипоҳи шаби тира бар дашту роғ,
Яке фарш афканда чун парри зоғ.
Чу пӯлоди зангорхӯрда сипеҳр
Ту гуфтӣ, ба қир андарандуда чеҳр.
Намудам зи ҳар сӯ ба чашм аҳриман,
Чу мори сияҳ боз карда даҳан.
Ҳар он гаҳ ки барзад яке боди сард,
Чу зангӣ барангехт з-ангишт гард.
Чунон гашт боғу лаби ҷӯйбор,
Куҷо мавҷ хезад зи дарёи қор.
Фурӯ монда гардуни гардон ба ҷой,
Шуда суст хуршедро дасту пой.
Замин зери он чодари қиргун,
Ту гуфтӣ, шудастӣ ба хоб - андарун.
Ҷаҳонро дил аз хештан пурҳарос,
Ҷарас баргирифта нигаҳбони пос.
На овои мурғу на ҳаррои дад,
Замона забон баста аз неку бад.
Набуд ҳеч пайдо нишебу фароз,
Дилам танг шуд з-он диранги дароз.
Дар он тангӣ-андар биҷастам зи ҷой,
Яке меҳрубон будам андар сарой.
Хурӯшидаму хостам з-ӯ чароғ,
Даромад бути меҳрубонам ба боғ.
Маро гуфт: «Шамъ аз чӣ бояд ҳаме,
Шаби тира хобат наояд ҳаме?
Бад-ӯ гуфтам: «Эй бут, наям марди хоб,
Биёвар яке шамъ чун офтоб.
Бинеҳ пешаму базмро соз кун,
Ба чанг ор чангу май оғоз кун.