368. БОЗГАШТАНИ РУСТАМ БА ЭРОНЗАМИН
Чу бубрид Рустам сари дев паст,
Бар он бораи пилпайкар нишаст.
Ба пеш андаровард яксар гала,
Буна ҳар чӣ карданд туркон яла.
Ҳаме рафт бо пилу бо хоста
В-аз ӯ шуд ҷаҳон яксар ороста.
Зи раҳ чун ба шоҳ омад ин огаҳӣ,
Ки баргашт Рустам або фарраҳӣ,
Аз эдар миёнро бад-он кард банд,
Ки то гӯр гирад ба хамми каманд.
Кунун деву пил омадасташ ба чанг,
Ба хушкиш пилу ба дарё наҳанг.
Наёбад гузар шер аз теғи ӯй,
Ҳамон деву ҳам мардуми кинаҷӯй.
Пазира шуданро бисёрост шоҳ,
Ба сар барниҳоданд гурдон кулоҳ.
Дурафши шаҳаншоҳ бо каррной
Бибурданд бо жандапилу дарой.
Пазира шудандаш дамодам сипоҳ,
Бад-он шодмонӣ ҷаҳондор шоҳ.
Чу Рустам дурафши сарафроз шоҳ
Нигаҳ кард, к-омад пазира ба роҳ,
Фуруд омаду хокро дод бӯс,
Хурӯши сипоҳ омаду бӯқу кӯс.
Нишастанду ҳезум ҳаме сӯхтанд.
Яке хики май доштанд, он замон
Пиёда шудандаш зи лашкар сарон,
Шаҳаншоҳ бар зин бияфшурд рон.
Сари саркашон, меҳтари тоҷбахш
Бифармуд, то барнишинад ба Рахш.
В-аз он ҷо ба айвони шоҳ омаданд,
Кушодадилу некхоҳ омаданд.
Бар эрониён-бар гала бахш кард,
Нишастангаҳи хештан Рахш кард.
Фиристод пилон бари пили шоҳ,
Ки бар пил шерон нагиранд роҳ
Яке ҳафта айвон биёростанд,
Маю руду ромишгарон хостанд.