Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

367. ОМАДАНИ АФРОСИЁБ БА ДИДОРИ АСПОНИ ХЕШ ВА КУШТАНИ РУСТАМ АКВОНДЕВРО

Чу бод аз шигифтӣ ҳам андар шитоб Ба дидори асп омад Афросиёб. Або бодаву руду гурдон ба ҳам, Бад-он то кунад бар дил андеша кам. Ба ҷое, ки ҳар сол чӯбон гала Бар он дашти пуроб кардӣ яла. Чу наздики он марғзорон расид, Аз аспону чӯбон нишоне надид. Якояк хурӯшидан омад зи дашт, Ҳаме асп бар асп бармегузашт. Зи хоки паи Рахш бар саркашон Падид омад аз дур пайдо нишон. Шитобон ҳаме тохт чӯбони пир Саросемаву зор хаста ба тир. Чу чӯбон бари шоҳи Турон расид, Бигуфт аз шигифтӣ, ҳар он ч-аш бидид, Ки «Танҳо гала бурд Рустам зи дашт, Зи мо кушт бисёру худ баргузашт». Зи туркон баромад басе гуфтугӯй, Ки танҳо ба дашт омад ин кинаҷӯй. Бипӯшид бояд якояк силеҳ, Ки ин кори мо баргузашт аз мазеҳ. Чунон хор гаштему зору забун, Ки як тан сӯи мо гирояд ба хун. Ҳаме нанги ин бугзарад бар гала, Нашояд чунин кор кардан яла. Сипаҳдор бо чор пилу сипоҳ Паси Рустам - андар гирифтанд роҳ. Чу гаштанд наздик, Рустам камон Зи бозу бурун карду омад дамон. Бар эшон буборид чун жола меғ, Чи тир аз камону чи пӯлод теғ. Чу афканда шуд шаст, гурди далер Ба гурз андаромад зи шамшеру тир. Чиҳил дигар аз номдорон бикушт, Ғамӣ шуд сипаҳдору бинмуд пушт. Аз ӯ бистад он чор пили сапед, Шуданд он сипоҳ аз ҷаҳон ноумед.