Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

366. АНДОХТАНИ АКВОНДЕВ РУСТАМРО БА ДАРЁ

Чу Аквонаш аз дур хуфта бидид, Яке бод шуд, то бад-ӯ даррасид. Замин гирд бубриду бардошташ, Зи ҳомун ба гардун барафрохташ. Ғамӣ гашт Рустам, чу бедор шуд, Сари пурхирад пур зи тимор шуд. Або хештан гуфт деви палид Яке дом чунин маро густарид. Дареғо дилу зӯру ин ёли ман, Ҳамон захми шамшеру кӯполи ман. Ҷаҳоне аз ин кор гардад хароб, Барояд ҳама коми Афросиёб. На Гударз монад, на Хусарв, на Тус, На тахту кулоҳу на пилу на кӯс. Бад ояд ҷаҳонро аз ин кори ман, Чунин тира, к-ӯ кард бозори ман. Кӣ хоҳад аз ин деви вожуна кин? Кас ӯро наёяд ҳамоле чунин. Чу Рустам биҷунбид бар хештан, Чунин гуфт Аквон, ки «Эй пилтан! Яке орзу кун, ки то аз ҳаво, Куҷо ояд акнун фикандан ҳаво? Сӯи обат андозам, ар сӯи кӯҳ? Куҷо хоҳӣ афтод дур аз гурӯҳ?» Чу Рустам ба гуфтори ӯ бингарид, Тан андар кафи деве вожуна дид. Чунин гуфт бо дил гави пилтан, Ки аз чора беҳ нест дар ҳар сухан. Кунун ҳар чи гӯям-ш, ҷуз он кунад, На савганд донад, на паймон кунад. Гар эдун, ки гӯям ба дарё фикан, Ба кӯҳ афканад бадгуҳар аҳриман. Ба кӯҳам занад, то шавам рез-рез, Бад-он то барояд зи ман растахез. Яке чора бояд кунун сохтан, Ки рояш ба об ояд андохтан. Чунин дод посух, ки «Донои Чин Яке достоне задаст андар ин