Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

365. ҶУСТАНИ РУСТАМ ДЕВРО

Бурун шуд ба нахчир чун наррашер, Каманде ба даст, аждаҳое ба зер. Ба даште куҷо дошт чӯбон гала, Бад-он ҷо гузар дошт шери яла. Се рӯзаш ҳаме ҷуст аз он марғзор, Ҳаме кард бар гирди аспон шикор. Чаҳорум бидидаш гурозон ба дашт, Чу боди шимолӣ бар ӯ баргузашт. Дурахшанда заррин яке бора буд, Ба чарм-андарун зишт патёра буд. Барангехт Рустам таковар зи ҷой, Чу танг андаромад, дигар шуд ба рой. Чунин гуфт, к-инро набояд фиканд, Бибояд гирифтан ба хамми каманд. Набояд-ш кардан ба ханҷар табоҳ, Бар инсон-ш зинда барам назди шоҳ. Бияндохт Рустам каёнӣ каманд, Ҳаме хост, к-орад сарашро ба банд. Чу гӯри диловар камандаш бидид, Шуд аз чашми ӯ ногаҳон нопадид. Бидонист Рустам, ки ин нест гӯр, Або ӯ кунун чора бояд, на зӯр. Ҷуз Аквондев он нашояд будан, Бибояд-ш аз бод теғе задан. Зи доно шунидам, ки ин ҷои ӯст, Шигифт он ки бистонад аз гӯр пӯст. Ба шамшер бояд кунун чора кард, Давонидани хун бар он зарри зард. Ҳамон гаҳ падид омад аз дашт боз, Сипаҳбад барангехт он тунд тоз. Камонро ба зеҳ карду аз боди асп Бияндохт тире чу озаргушасп. Ҳамон, к-ӯ камони каӣ баркашид, Дигарбора шуд гӯр аз ӯ нопадид. Ҳаме тохт асп андар он паҳндашт, Чу як рӯзу як шаб бар ӯ баргузашт. Ба обаш гирифт орзу, ҳам ба нон, Сар аз хоб бар кӯҳаи зин занон.