364. ХОСТАНИ ХУСРАВ РУСТАМРО БАРОИ ҶАНГИ АКВОНДЕВ
Сухангӯй деҳқон чунин кард ёд,
Ки як рӯз Кайхусрав аз бомдод
Биёрост гулшан ба сони баҳор,
Бузургон нишастанд бо шаҳрёр
Чу Гударзу чун Тусу чун Густаҳам,
Чу Барзину Гаршосп аз тухми Ҷам,
Чу Геву чу Руҳҳоми корозмой,
Чу Гургину Харроди фархундарой.
Ба ёди шаҳаншоҳ хӯрданд ҷом,
Ба майхӯрдан - андар ҳама шодком.
Чу аз рӯз як соат андаргузашт,
Биёмад ба даргоҳ чӯбон зи дашт.
Бишуд пеши Хусрав, замин бӯса дод,
Чунин гуфт бо шоҳи фаррухнажод,
Ки «Гӯре падид омад андар гала
Чу деве, ки аз банд гардад яла.
Яке наррашер аст гӯӣ дижам,
Ҳаме бугсилад ёли аспон зи ҳам.
Ҳамон ранги хуршед дорад дуруст,
Сипеҳраш ба зарроб гӯӣ бишуст.
Яке баркашида хат аз ёли ӯй,
Зи мушки сияҳ то ба дунболи ӯй.
Саманде баланд аст гӯӣ ба ҷой,
Ба гирди сурину ба дасту ба пой».
Бидонист Хусрав, ки он нест гӯр,
Ки барнагзарад гӯр з-аспе ба зӯр.
Ва дигар, ки Хусрав ҷаҳондида буд,
Зи корогаҳон низ бишнида буд,
Ки он чашмае буд, ки Аквондев
Ҷаҳон гашт аз ӯ пурфиғону ғирев,
Ки чӯбон ҳаме дорад он ҷо гала,
Бар оромгаҳ карда будаш яла.
Ба чӯбон чунин гуфт, к-«Ин гӯр нест,
Бидонистам акнун, ту эдар маист».
В-аз он пас ба гурдон чунин гуфт шоҳ,
Ки «Эй паҳлавонони бофарру ҷоҳ,
Гаве бояд акнун чу шери жиён,
Зи гурдон, ки бандад бад-ин-дар миён».