363. ДОСТОНИ ҶАНГИ РУСТАМ БО АКВОНДЕВ ОҒОЗИ ДОСТОН
Ту бар кирдгори равону хирад
Ситоиш гузин, то ки андархурад.
Бубин, эй хирадманди равшанравон,
Ки чун бояд, ӯро ситудан тавон.
Ҳама дониши мо ба бечорагист,
Ба бечорагон-бар бибояд гирист.
Аё фалсафадони бисёргӯй,
Напӯям ба роҳе, ки гӯӣ бипӯй.
Сухан ҳеч беҳтар зи тавҳид нест,
Ба ногуфтану гуфтан Эзад якест.
Туро ҳар чӣ бар чашм-бар бугзарад,
Бигунҷад ҳаме дар дилат бо хирад.
Ту гар сахтаӣ, роҳ санҷида пӯй,
Наёяд ба бун ҳаргиз ин гуфтугӯй.
Ба як дам задан растӣ аз ҷону тан,
Ҳаме бас бузург оядат хештан.
Ҳаме бугзарад бар ту айёми ту,
Сарое ҷуз ин бошад ороми ту.
Нахуст аз ҷаҳонофарин ёд кун,
Парастиш бар ин ёд бунёд кун,
К-аз ӯяст гардуни гардон ба пой,
Ҳам ӯяст бар некуӣ раҳнамой.
Ҷаҳон пуршигифт аст, чун бингарӣ,
Надорад касе олати доварӣ,
Ки ҷонат шигифт асту тан ҳам шигифт,
Нахуст аз худ андоза бояд гирифт.
Ва дигар, ки бар сар-т гардонсипеҳр
Ҳаме нав намояд-т ҳар рӯз чеҳр.
Набошӣ бар ин гуфта ҳамдостон,
Ки деҳқон ҳаме гӯяд аз бостон.
Хирадманд, к-ин достон бишнавад,
Ба дониш гирояд, бад-ин награвад.
Валекин чу маъниш ёд оварӣ,
Шавӣ рому кӯтаҳ шавад доварӣ.
Ту бишнав зи гуфтори деҳқони пир,
Агарчи набошад сухан дилпазир.