Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

362. БОЗГАШТАНИ РУСТАМ БА СИСТОН

Таҳамтан ба як моҳ наздики шоҳ Ҳаме буд бо ҷом дар пешгоҳ. В-аз он пас чунин гуфт бо шаҳрёр, Ки «Эй пурҳунар хусрави тоҷдор. Ҷаҳондор бодонишу некхӯст, Валекин маро чеҳри Зол орзуст». Дари ганҷ букшод шоҳи ҷаҳон, Зи пурмоя чизе, ки будаш ниҳон Зи ёқуту аз тоҷу ангуштарӣ, Зи дебову аз ҷомаи барбарӣ, Парастор бо афсару гӯшвор, Сад аспу сад уштур ба зину ба бор, Табақҳои заррин пур аз мушку уд, Ду наълайни заррину ҷуфти амуд, Бад ӯ бофта гавҳари шоҳвор, Чунон чун бувад дархури номдор. Ба назди Таҳамтан фиристод шоҳ, Ду манзил ҳаме рафт бо ӯ ба роҳ. Чу Хусрав ғамӣ шуд зи роҳи дароз, Фуруд омаду бурд Рустам намоз. Варо кард падруду з-Эрон бирафт, Сӯи Зобулистон хиромид тафт. Саросар ҷаҳон гашт бар шоҳ рост, Ҳаме гашт гетӣ бар он сон, ки хост. Сар овардам ин разми Комус низ, Дароз асту н-афтод аз ӯ як пашиз. Гар аз достон як сухан кам будӣ, Равони маро ҷои мотам будӣ. Дилам шодмон шуд зи Пӯлодванд, Ки н-афзуд бар банди пӯлод банд. Кунун разми Аквон зи ман гӯш дор, Ки чун буд бо Рустами номдор.