361. БОЗГАШТАНИ РУСТАМ БА ДАРГОҲИ ШОҲ
Зи Туронзамин барниҳоданд рахт,
Силеҳи гаронмояву тоҷу тахт
Басе ганҷҳоро биҷусту биёфт,
Худу лашкараш сӯи Эрон шитофт
Шутур ёфт чандону чандон гала,
Ки аз борагӣ шуд сипаҳ бегила.
Хурӯш омаду нолаи говдум,
Ҷарас баркашиданду рӯинахум.
Сӯи шаҳри Эрон ниҳоданд рӯй,
Сипоҳе бар он гуна бо рангу бӯй.
Чу огоҳӣ омад зи Рустам ба шоҳ,
Хурӯш омад аз шаҳр в-аз боргоҳ.
Аз Эрон табира баромад ба абр,
Ки омад худованди кӯполу кабр.
Яке шодмонӣ буд андар ҷаҳон
Миёни кеҳону миёни меҳон.
Дили шоҳ шуд чун биҳишти барин,
Ҳаме хонд бар кирдгор офарин.
Бифармуд, то пил бурданд пеш,
Биҷунбид Кайхусрав аз ҷои хеш.
Ҷаҳоне ба оин шуд ороста,
Маю руду ромишгарон хоста.
Ҳама ёли пил аз карон то карон
Пур аз мушк буду маю заъфарон.
Зи афсар сари пилбон пурнигор,
Зи гӯш андаровехта гӯшвор.
Басе заъфарону дирам рехтанд,
Зи бар мушки анбар ҳаме бехтанд.
Таҳамтан чу тоҷи сарафроз дид,
Ҷаҳоне саросар пуровоз дид.
Фуруд омаду бурд пешаш намоз,
Бипурсид Хусрав зи роҳи дароз.
Гирифташ ба оғӯш-дар шоҳ танг,
Чунин то баромад замоне диранг.
Басе офарин хонд шоҳи ҷаҳон
Бар он номвар паҳлавони меҳон.
Бифармуд, то пилтан барнишаст,
Гирифта ҳама роҳ дасташ ба даст.