360. ГУРЕХТАНИ АФРОСИЁБ АЗ РУСТАМ
Чунин гуфт Пирон ба Афросиёб,
Ки «Шуд рӯи гетӣ чу дарёи Об.
Нагуфтам, ки бо Рустами шумдаст
Нашояд бар ин бум эмин нишаст.
Зи хуни ҷавоне, ки буд з-он гузир
Бихастӣ дили мо ба пайкони тир.
Чӣ бошӣ, ки бо ту кас эдар намонд,
Бишуд дев Пӯлоду лашкар биронд.
Ҳамоно, к-аз эрониён сад ҳазор
Фузун асту баргустувонвар савор.
Ба пеш - андарун Рустами шергир,
Замин пур зи хуну ҳаво пур зи тир.
Зи дарёву дашту биёбону кӯҳ
Сипоҳ андаромад ҳама ҳамгурӯҳ.
Чу мардум намонд, озмудем дев,
Чунин ҷангу пайкору чандин ғирев.
Чу Рустам биёмад, туро пой нест,
Ба ҷуз рафтан аз пеши ӯ рой нест.
Бибояд шудан то бад-он рӯи Чин,
Гар эдун, ки гунҷӣ ба рӯи замин.
Сипаҳро чунин сафкашида бимон,
Худу вижагон сӯи дарё бирон».
Сипаҳбад чунон кард, к-ӯ роҳ дид,
Ҳаме даст аз он разм кӯтоҳ дид.
Дурафшаш бимонданд ӯ худ бирафт,
Сӯи Чину Мочин хиромид тафт.
Сипоҳ андаромад ба пеши сипоҳ,
Замин гашт бар сони абри сиёҳ,
Таҳамтан ба овоз гуфт он замон,
Ки «Найза мадореду тиру камон.
Бикӯшеду шамшеру гурз оваред,
Ҳунарҳо зи болову бурз оваред.
Паланг он замон печад аз кини хеш,
Ки нахчир бинад ба болини хеш».
Сипаҳ сар ба сар наъра бардоштанд,
Ҳаме найза бар кӯҳ бугзоштанд.
Чунон шуд дару дашти овардгоҳ,
Ки аз кушта ҷое надиданд роҳ.