359. ГУШТӢ ГИРИФТАНИ РУСТАМ ВА ПӮЛОДВАНД
Ба куштӣ гирифтан ниҳоданд рӯй,
Ду гурди сарафрозу ду кинаҷӯй.
Ба паймон, ки аз ҳар ду рӯя сипоҳ
Ба ёрӣ наёяд касе кинахоҳ.
Миёни сипаҳ ним фарсанг буд,
Ситора назора бар он ҷанг буд,
Ки Пӯлодванду Таҳамтан ба ҳам
Баровехтанд он ду шери дижам.
Ҳаме даст суданд бар якдигар,
Гирифта ду ҷангӣ дуволи камар.
Чу Шеда бару ёли Рустам бидид,
Яке боди сард аз ҷигар баркашид.
Падарро чунин гуфт, к-«Ин зӯрманд,
Ки хонӣ варо Рустами девбанд,
Ҳам акнун ба ин зӯру ин дастбурд
Ба хок андарорад сари деви гурд.
Набинӣ зи гурдони мо ҷуз гурез,
Макун хира бо чархи гардон ситез».
Чунин гуфт бо Шеда Афросиёб,
Ки «Шуд мағзи ман з-ин сухан пуршитоб.
Бирав, то бубинӣ, ки Пӯлодванд
Ба куштӣ ҳаме чун кунад даст банд.
Ба туркӣ биёмӯзу роҳаш намой,
Магар пилтанро дарорад зи пой.
Бигӯяш, ки чун ӯ ба зер оварӣ,
Ба шамшер кун з-он сипас доварӣ».
Чунин гуфт Шеда, ки «Паймони шоҳ
На ин буд бо ӯ ба пеши сипоҳ.
Чу паймоншикан бошиву тезмағз,
Наёяд зи пайкори ту кори нағз.
Ту ин оби равшан магардон сиёҳ,
Ки айб оварад бар ту-бар айбхоҳ».
Ба дашном букшод хусрав забон,
Барошуфту шуд бо писар бадгумон.
Бад-ӯ гуфт: «Гар дев Пӯлодванд
Аз ин марди бадхоҳ ёбад газанд,
Намонад бари ин размгаҳ зинда кас,
Туро аз ҳунарҳо забон асту бас».