Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

358. РАЗМИ РУСТАМ БО ПӮЛОДВАНД

Чу бишнид Рустам, дижам гашт сахт, Биларзид бар сони шохи дарахт. Биёмад ба наздики Пӯлодванд, Варо дид бар сони кӯҳи баланд. Ғамӣ гашт аз он чор гурди далер, Чу гӯрону душман ба кирдори шер. Сипаҳро ҳама бештар хаста дид, В-аз он рӯй пархош пайваста дид. Ба дил гуфт, к-ин рӯзи мо тира гашт, Сари номдорони мо хира гашт. Ҳамоно, ки баргашт пайкори мо, Ғунуда шуд он бахти бедори мо. Бияфшурд рон, Рахшро тез кард, Барошуфту оҳанги овез кард. Бад-ӯ гуфт, к-«Эй деви носозгор, Бубинӣ кунун гардиши рӯзгор». Чу овози Рустам ба гурдон расид, Сипаҳбад ялонро пиёда бидид. Ҳаме гуфт, к-«Эй кирдгори ҷаҳон, Туӣ бартар аз ошкору ниҳон. Маро чашм агар тира гаштӣ ба ҷанг, Беҳ астӣ зи дидори ин рӯзи танг. К-аз ин сон баромад зи Эрон ғирев, Зи Ҳумону Пирону ин наррадев. Пиёда шуда Геву Руҳҳому Тус Чу Бежан, ки бар шер кардӣ фусӯс. Табаҳ гашт аспи бузургон ба тир, Пиёда баровехта хира-хир. Баровехт бо деви Пӯлодванд, Бияндохт он тобдода каманд. Бидуздид ёл он набардӣ савор, Битарсиду сер омад аз корзор. Чу н-омад каманди Таҳамтан ба кор, Бурун кард сар з-он хами тобдор. Бад-ӯ гуфт Пӯлодванд, «Эй далер, Ҷаҳондидаву номбардор шер, Ки бугрезад аз пеши ту жандапил, Бубинӣ кунун мавҷи дарёи Нил.