357. РАЗМИ ПӮЛОДВАНД БО ГЕВ ВА ТУС
Чу хуршед бинмуд тобон дурафш,
Муасфар шуд он парниёни бунафш.
Табира баромад зи даргоҳи шоҳ,
Ба абр андаромад хурӯши сипоҳ.
Ба пеши сипаҳ буд Пӯлодванд,
Ба тан зӯрманду ба бозу каманд.
Чу саф баркашиданд ҳар ду сипоҳ,
Ҳаво шуд бунафшу замин шуд сиёҳ.
Таҳамтан бипӯшид бабри баён,
Нишаст аз бари жандапили жиён.
Барошуфту бар маймана ҳамла бурд,
Зи туркон бияфканд бисёр гурд.
Аз он пас чунон дид Пӯлодванд,
Зи фитрок букшод печон каманд.
Баровехт бо Тус чун пили маст,
Каманде ба бозу, амуде ба даст.
Камарбанд бигрифту ӯро зи зин
Баровард осону зад бар замин.
Ба пайкори ӯ Гев чун бингарид,
Сари Туси Нӯзар нагунсор дид.
Барангехт аз ҷой Шабдезро,
Тану ҷон биёрост овезро.
Баровехт бо Гев чун шери нар
Зиреҳдор бо гурзаи говсар.
Каманде бияндохт Пӯлодванд,
Сари Геви гурд андаромад ба банд.
Нигаҳ кард Руҳҳому Бежан зи роҳ
Бад-он зӯру он гурзу он дастгоҳ
Бирафтанд, то дасти Пӯлодванд
Бубанданд ҳар ду ба хамми каманд.
Бизад даст Пӯлоди бисёрҳуш,
Барангехт аспу баромад хурӯш.
Ду гурди далери гаронмояро,
Сарафроз шери гаронсояро
Ба хок андарафканду биспард хор,
Назора бар он дашт чандон савор.
Биёмад бари ахтари ковиён,
Ба ханҷар ба ду нима кардаш миён.