Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

356. НОМАИ АФРОСИЁБ БА ПӮЛОДВАНД

Аз айвон ба дашт омад Афросиёб, Ҳаме кард бар кина ҷустан шитоб. Ба Пирон бигуфт, он чӣ боист гуфт, Зи дашт андаромад ба сӯи нуҳуфт. Зи бегона хайма бипардохтанд, Нависандаро пеш биншохтанд. Дабири ҷаҳондидаро хонду гуфт, Ки «Рози бузургон бибояд нуҳуфт. Яке нома наздики Пӯлодванд Биёрою аз роз букшой банд. Нахуст офарин кун ба додори пок, К-аз ӯй аст нерӯву ҳам з-ӯ ҳалок. Худованди кайвону гардонсипеҳр, Худованди ноҳиду рахшанда меҳр, Дигар офарин кун бад-он невбанд Сипаҳдори фархунда Пӯлодванд. Бигӯяш, ки моро чӣ омад ба пеш, Аз ин номвар марди пархошкеш. В-аз ин номвар пурҳунар меҳтарон, Зи Тусу зи Гударзу кундоварон, Зи кори набера бигӯяш ҳама, Худованди он марзу шоҳи рама. Бипарвардам ӯро чу ҷон арҷманд, Ки аз бод н-омад бар ӯ-бар газанд. Агар ёрманд аст чархи баланд, Биёяд бар ин марз Пӯлодванд. Басе лашкар аз марзи Сақлобу Чин Нагунсору печон шуданд андарин. Басе буму барҳо, ки вайрон шудаст, Ҳама аз далерони Эрон шудаст. Сипоҳ аст бар сони кӯҳи равон, Сипаҳдор чун Рустами паҳлавон. Чу Гударзи ҷангиву чун Геву Тус, Ба абр андароранд овои кӯс. Чу Рустам ба дасти ту гардад табоҳ, Наёбад сипаҳ андар ин марз роҳ. Ҳама ранҷи ин марз аз ӯй асту бас, Ту бош андар ин кор фарёдрас.