Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

355. ОГОҲӢ ЁФТАНИ АФРОСИЁБ АЗ ОМАДАНИ РУСТАМ

Чу огоҳӣ омад ба Афросиёб, Ки Рустам сӯи ҷанг дорад шитоб, Дилаш з-ин сухан пур зи тимор шуд, Ҳама парниён бар танаш хор шуд. Ҳаме гуфт: «Пайкори ӯ кори кист, Сипоҳ аст бисёру солор кист? Кӣ ёрад шудан пеши ӯ размхоҳ, Кӣ аз таффи теғаш нагардад табоҳ?» Чунин гуфт лашкар ба Афросиёб, Ки «Чандин сар аз разми Рустам матоб. Ту онӣ, ки аз хоки овардгоҳ Ҳаме мавҷи хун андарорӣ ба моҳ. Силеҳ аст бисёру мардону ганҷ, Дил аз размҷустан чӣ дорӣ ба ранҷ? Зи ҷанги саворе ту ғамгин машав. Нигаҳ кун бар ин номдорони гав. Чунон дон, ки вай яксар аз оҳан аст, Агарчи далер аст ҳам, як тан аст. Суханҳои кӯтоҳ аз ӯ шуд дароз, Ту бо лашкаре чораи ӯ бисоз. Сари ӯ зи абр андаровар ба хок, Аз он пас зи шоҳу зи Эрон чӣ бок. На Кайхусрав обод монад, на тахт, На он буми Эрон, на шохи дарахт. Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор, Ҷавонони шоистаи корзор. Зи баҳри бару буму фарзанди хеш, Зану кӯдаки хурду пайванди хеш Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем, Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем». Чу бишнид Афросиёб ин сухан, Фаромӯш кард он набарди куҳан. Зи буми ниёкону аз баҳри хеш Яке тоза андеша афканд пеш. Чунин дод посух, ки «Ман сози ҷанг Ба пеш оварам, чун шавад кор танг. Намонам, ки Кайхусрав аз бахти хеш Шавад шоду падром бар тахти хеш.