Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

354. ҶАНГИ РУСТАМ БО КОФУРИ МАРДУМХОР

Чу ин банди бадро сар омад падид, Фарибурз наздики Рустам расид. Ба дил шод бо хилъати шаҳрёр Бад-ӯ - андарун тоҷ бо гӯшвор. Аз ӯ шодмон шуд гави пилтан, Бузургони лашкар шуданд анҷуман. Гирифтанд бар паҳлавон офарин, Ки обод бодо ба Рустам замин! Аз ӯ ҷони шоҳи ҷаҳон шод бод, Бару буми Эронаш обод бод! В-аз он ҷойгаҳ низ лашкар биронд, Биёмад ба Суғду ду ҳафта бимонд. Ба нахчир, гӯру ба май даст бурд, Аз ин гуна якчанд хӯрду шумурд. В-аз он ҷойгаҳ лашкар андаркашид, Ба як манзиле-бар яке шаҳр дид. Куҷо номи он шаҳр Бедод буд, Диже буду аз мардум обод буд. Ҳама хӯрданишон зи мардум будӣ, Паричеҳрае ҳар замон гум будӣ. Ба хони чунон шаҳрёри палид Набудӣ ба ҷуз кӯдаки норасид. Парастандагоне, ки некӯ будӣ, Ба дидору боло беоҳу будӣ. Аз он сохтандӣ ба хон-бар х(в)ариш, Бад-ин гуна буд шоҳро парвариш. Таҳамтан бифармуд, то се ҳазор, Зиреҳдору баргустувонтар савор Бар он диж фиристод бо Густаҳам, Ду гурди гаронмоя бо ӯ ба ҳам. Яке Бежани Геву дигар Ҳажир, Ки дар ҷанг буданд бо доругир. Мар ин шоҳро ном Кофур буд, Ки вайро бар он шаҳр маншур буд. Чу бишнид, к-омад зи Эрон сипоҳ, Сипаҳбад яке номвар кинахоҳ. Бипӯшид Кофур хафтони ҷанг Ҳама шаҳр бо ӯ ба сони паланг.