Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

353. ОГОҲӢ ЁФТАНИ АФРОСИЁБ АЗ КОРИ ЛАШКАР

Пас огоҳӣ омад ба Афросиёб, Ки оташ баромад зи дарёи Об. Зи Комусу Маншуру хоқони Чин, Шикаст андаромад ба Туронзамин. Аз Эрон яке лашкар омад ба ҷанг, Ки шуд чархи гардандаро роҳ танг. Чиҳил рӯз яксон ҳаме ҷанг буд, Шабу рӯз гетӣ ба як ранг буд. Зи гарди саворон набуд офтоб, Чу бедорбахт андаромад ба хоб. Саранҷом аз ин лашкари бешумор Саворе намонд аз дари корзор. Бузургону он номвар паҳлавон Бубастанд яксар ба банди гарон. Ба хорӣ фиканданд бар пушти пил, Сипаҳ буд гирдомада бар ду мил. Бибурданд аз эдар аз Эронзамин, Бузургон ҳазорону хоқони Чин. Зи кушта чунон шуд, ки дар размгоҳ Касеро набуд пои рафтан ба роҳ. В-аз он рӯй Пирон ба роҳи Хутан Бишуд бо яке номвар анҷуман. Кашониву Чиниву Ҳиндӣ намонд, Ки маншури шамшери Рустам нахонд. Пур аз хун ҳама марз беш аз ду мил, Тиҳӣ шуд замин аз бузургону пил. В-аз ин сӯй танг андаромад сипоҳ, Таҳамтан ба пеш-андарун кинахоҳ. Гар оянд зӣ мо ба ҷанг он гурӯҳ, Ту ҳомун шумар кӯҳу ҳомун чу кӯҳ. Чу Афросиёб ин суханҳо шунуд, Дилаш гашт пурдарду сар пур зи дуд. Ҳама мӯбадону радонро бихонд, Зи кори гузашта суханҳо биронд. К-«Аз Эрон яке лашкари ҷангҷӯй Бад-ин номдорон ниҳоданд рӯй. Шикаста шуданд он сипоҳи гарон, Чунон созу он лашкари бекарон.