Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

352. ПОСУХИ НОМАИ РУСТАМ АЗ КАЙХУСРАВ

Чу бугзашт аз он достон рӯз чанд, Зи гардиш наёсуд чархи баланд. Кас омад бари шоҳи эронсипоҳ, Ки омад Фарибурзи Ковусшоҳ. Пазира шудаш шоҳу кундоварон, Або бӯқу кӯсу сипоҳи гарон. Фарибурз наздики Хусрав расид, Заминро бибӯсид, к-ӯро бидид. Басе офарин кард бар шаҳрёр, Бигуфто, ки «Эй шоҳи беҳрӯзгор, Сипеҳри баланд аз ту дилшод бод, Ҷаҳоне ба доди ту обод бод! Бад-ӯ дод он номаи паҳлавон, Фурӯ хонд он хусрави хусравон. Шигифтӣ фурӯ монд аз он размгоҳ, Куҷо гуфта буд паҳлавони сипоҳ. Нигаҳ кард Хусрав бар он бастагон, Ҳаюнону пилону он хастагон. Инонро бупечиду омад ба роҳ, Зи сар баргирифт он каёнӣ кулоҳ. Фуруд омаду пеши Яздон ба хок Биғалтиду гуфт: «Эй ҷаҳондори пок, Ситамгорае кард бар ман ситам, Маро бепадар кард бо дарду ғам. Ту аз дарду ғамҳо раҳонидиям, Бад-ин тоҷу давлат расонидиям. Замину замон пеши ман банда шуд, Ҷаҳон пур зи ганҷи ман оганда шуд. Сипос аз ту дорам, на аз анҷуман, Яке ҷони Рустам ту мастон зи ман». Чу ин гуфт, аз он ҷойгаҳ бозгашт, Бар он пилу он бастагон баргузашт. Бифармудашон, то ба зиндон баранд, Ба наздики он мустамандон баранд. В-аз он пас бифармуд, то ҳар чӣ буд, Бибурданд наздики ганҷур зуд. Яке хуррам айвон бипардохтанд, Ҳамон ҷои хоқони Чин сохтанд.