Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

351. НОМА НАВИШТАНИ РУСТАМ БА КАЙХУСРАВ

Дабири ҷаҳондидаро пеш хонд, Сухан ҳар чӣ боист, бо ӯ биронд. Ба фармон-ш бар номаи хусравон Зи анбар навиштанд бар парниён. Сари нома кард офарини Худой, «Куҷо ҳасту бошад ҳамеша ба ҷой. Барорандаи моҳу кайвону ҳур, Нигорандаи фарру дайҳиму зӯр. Сипеҳру замину замон они ӯст, Равону хирад зери фармони ӯст. Аз ӯ офарин бод бар шаҳрёр, Замона мамонод аз ӯ ёдгор. Расидам ба фармон миёни ду кӯҳ, Сипоҳи се кишвар шуда ҳамгурӯҳ. Ҳамоно, ки шамшерзан сад ҳазор Зи душман фузун буд дар корзор. Кашониву Шугниву Чиниву Ҳинд Сипоҳе зи Чин то ба дарёи Синд. Зи Кашмир то домани кӯҳи Шаҳд Саропардаву пил дидему маҳд. Натарсидам аз давлати шаҳрёр, Баровардам аз размгаҳшон димор. Чиҳил рӯз пайвастамон ҷанг буд, Ту гуфтӣ бар эшон ҷаҳон танг буд. Ҳама шаҳрёрони кишвар буданд, Або ганҷу бо тахту афсар буданд. Миёни ду кӯҳ аз бари роғу дашт Зи хуну зи кушта нашояд гузашт. Ҳамоно, ки фарсанг бошад чиҳил, Пароганда аз хун замин пур зи гил. Саранҷом аз ин давлати дерёз Сухан гӯям, ин нома гардад дароз. Ҳама шаҳрёрон, ки бастам ба банд, Зи пилон гирифтам ба хамми каманд. Фиристодам инак бари шаҳрёр Або ҳадяву гавҳари шоҳвор. Сӯи ҷанг дорам кунун рою рӯй, Магар пеши теғи ман ояд Гурӯй.