350. ХОСТА БАХШ КАРДАНИ РУСТАМ
Чунин гуфт Рустам ба эрониён,
Ки «Акнун бибояд кушудан миён.
Ба пеши худованди пирӯзгар
На кӯпол бояд, на ганҷу камар.
Ҳама сар ба хоки сияҳ барниҳед,
Аз он пас ҳама тоҷ бар сар ниҳед,
К-аз ин номдорон яке нест кам,
Ки акнун шудастӣ дили мо дижам.
Чу огоҳӣ омад ба шоҳи ҷаҳон,
Ба ман бозгуфт ин сухан ногаҳон,
Ки Туси сипаҳбад ба кӯҳ омадаст,
Зи Пирону Ҳумон сутӯҳ омадаст.
Ман аз гуфтаи шоҳ рафтам зи ҳуш,
Баромад зи пайкор мағзам ба ҷӯш.
Зи Гударзу Баҳром в-аз Ревниз
Дилам тиратар гашт бар сони шиз.
Аз Эрон ҳаме тохтам тезҷанг,
Замоне ба ҷое накардам диранг.
Чу чашмам баромад ба хоқони Чин,
Бар он номдорону мардони кин,
Ба вижа ба Комусу он фарру бурз,
Чунон ёлу он шоху он дасту гурз,
Ба дил гуфтам, омад замонам ба сар,
Ки то ман ба мардӣ бубастам камар,
Аз ин беш мардону з-ин беш соз
Надидам ба ҷое ба умри дароз.
Расидам ба девони Мозандарон,
Шаби тираву гурзҳои гарон.
Зи мардӣ напечид ҳаргиз дилам,
Бигуфтам, ки аз ҷону дил бугсилам.
Бад-ин разм торик шуд рӯзи ман,
Сияҳ шуд дили гетиафрӯзи ман.
Кунун гар ҳама пеши Яздони пок
Биғалтем бо дард як-як ба хок,
Сазовор бошад, ки ӯ дод зӯр,
Баланд ахтару бахши кайвону ҳур.
Мабодо, ки ин кор гирад нишеб,
Мабодо, ки ояд ба мо-бар ниҳеб.