Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

349. ШИКАСТА ШУДАНИ СИПОҲИ ТУРОНИЁН

Таҳамтан ба гурзи гарон даст бурд, Бузургаш ҳамоно ҳамон буд хурд. Чунон шуд дару дашти овардгоҳ, Ки шуд танг бар мӯру бар пашша роҳ. Зи бас куштаву хаста шуд ҷӯи хун, Яке бесару дигаре сарнагун. Чу он бахти тобанда торик шуд, Ҳамоно ба шаб рӯз наздик шуд. Баромад яке боду абри сиёҳ, Бишуд равшаноӣ зи хуршеду моҳ. Сар аз пой душман надонист боз, Биёбон гирифтанду роҳи дароз. Нигаҳ кард Пирон бад-он корзор, Чунон тира буд гардиши рӯзгор Ба Маншуру Фартусу хоқони Чин, Бад-он номдорони Туронзамин. Дурафши бузургон нагунсор дид, Ба хок-андарун хастагон хор дид. Ба Настеҳани гурду Калбод гуфт, Ки «Жӯпину ханҷар бибояд нуҳуфт». Нагунсор кард он дурафши сиёҳ, Бирафтанд пӯён ба бероҳу роҳ. Ҳама маймана Гев тороҷ кард, Дару дашт чун парри дурроҷ кард. Биҷуст аз чапи лашкару дасти рост, Бад-он то бидонад, ки Пирон куҷост. Чу ӯро надиданд, гаштанд боз Далерон сӯи Рустами кинасоз. Табаҳ гашт аспони ҷангӣ зи кор, Ҳама хаставу ранҷа дар корзор. Бирафтанд бо коми дил сӯи кӯҳ, Таҳамтан ба пеш-андарун бо гурӯҳ. Тан аз ҷанг хаста, дил аз разм шод, Ҷаҳонро чунин аст созу ниҳод. Ҳама таргу ҷавшан ба хуну ба хок Шуда ғарқу баргустувон чок-чок. Пур аз хун сару пову теғу рикеб, Зи кушта на пайдо фарозу нишеб.