348. ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН
Ба дашном букшод хоқон забон,
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй бадтану бадравон!
Ба Эрону он шоҳу он анҷуман
Ҳаме зинҳорет бояд чу ман.
Ту - Сагзӣ, ки аз ҳар касе бадтарӣ,
Ҳаме шоҳи Чин боядат лашкарӣ?»
Яке тирборон бикарданд сахт
Чу боди хазон барвазад бар дарахт.
Ҳаворо бипӯшид парри уқоб,
Набинад чунон ҷанг ҷангӣ ба хоб.
Чу Гударз борони алмос дид,
Зи тимори Рустам дилаш бардамид.
Ба Руҳҳом гуфт: «Эй дирангӣ, маист,
Биҷунбон инон бо саворе дувист.
Камонҳои чочиву тири хаданг
Нигаҳ дор пушти Таҳамтан ба ҷанг».
Ба Гев он гаҳе гуфт: «Баркаш сипоҳ,
Бар ин дашт бар пеши душман макоҳ.
На ҳангоми орому ороиш аст,
На рӯзи диранг асту осоиш аст.
Бирав бо далерон сӯи дасти рост,
Нигаҳ кун, ки Пирону Ҳумон куҷост.
Таҳамтан нигар пеши хоқони Чин
Ҳаме осмон барзанад бар замин.
Бад-он дида ҳаргиз мабод офарин,
Ки нафрин сиголад бар ӯ рӯзи кин!»
Барошуфт Руҳҳом ҳамчун паланг,
Биёмад ба пушти Таҳамтан ба ҷанг.
Чунин гуфт Рустам ба Руҳҳоми шер,
Ки «Тарсам, ки Рахшам шуд аз кор сер.
Чу ӯ суст гардад, пиёда шавам,
Ба хуну хай оҳордода шавам.
Яке лашкар аст ин чу мӯру малах,
Ту бо пилу бо пилбонон бичах.
Ҳама покашон пеши Хусрав барем,
Зи Шангону Чин ҳадяи нав барем».
В-аз он ҷойгаҳ бархурӯшиду гуфт,
Ки «Бо турки Чин Аҳриман бод ҷуфт.