Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

347. КУШТАНИ РУСТАМ ГАҲОРИ ГАҲОНИРО

В-аз он ҷойгаҳ шуд сӯи майсара, Ғамӣ гашт лашкар ҳама яксара. Гаҳори Гаҳонӣ бар он ҷойгоҳ, Гави шерфаш бо дурафши сиёҳ, Барошуфт чун тарги Рустам бидид, Хурӯше чу шери жиён баркашид. Бад-ӯ гуфт: «Ман кини Турону Чин Бихоҳам зи сагзӣ дар ин дашти кин. Набарди вай аз меҳтарон бо ман аст, Дили шеру гурзи гарон бо ман аст». Барангехт асп аз миёни сипоҳ, Биёмад бари пилтан кинахоҳ. Зи наздик чун тарги Рустам бидид, Ба рухсора шуд чун гули шанбалид. Ба дил гуфт, пайкор бо жандапил Чу ғӯта-ст хӯрдан ба дарёи Нил. Ту гуфтӣ барояд, дигар гуфт не, Ду гуфторакон бо хирад ҷуфт не. Гурезӣ ба ҳангом бо сар ба ҷой, Беҳ аз паҳлавониву сар зери пой. Гурезон биёмад сӯи қалбгоҳ, Назора бар ӯ-бар ба ҳар сӯ сипоҳ. Дурафши Таҳамтан миёни гурӯҳ Ба сони дарахт аз бари теғи кӯҳ. Ҳаме тохт Рустам паси ӯ чу гард, Замин лаъл гашту ҳаво лоҷвард. Яке найза зад бар камарбанди ӯй, Бидаррид хафтону пайванди ӯй. Бияндохт бар сони барги дарахт, Ки бар шохи ӯ барзанад бод сахт. Нагунсор кард он дурафши кабуд, Ту гуфтӣ Гаҳори Гаҳонӣ набуд. Бидиданд гурдон, ки Рустам чӣ кард, Чапу рост бархост гарди набард. Дурафши ҳумоюн бибурданду кӯс, Биёмад сарафроз Гударзу Тус. Хурӯш омад аз бӯқи эронсипоҳ, Чу пирӯз шуд гурди лашкарпаноҳ.