Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

346. РАЗМИ РУСТАМ БО СОВА

Чунин гуфт Рустам ба эрониён, К-«Аз ин ҷанг моро наёмад зиён. Ҳам акнун ман ин пилу ин хоста, Ҳамон тахти бо тоҷ ороста Зи чинӣ ситонам ба Эрон диҳам, Бад-он шодмон рӯзи фаррух ниҳам. Нахоҳам зи эрониён ёр кас, Паи Рахшу Эзад маро ёр бас. Якеро зи Сақлобу Шугнону Чин Намонам, ки пай барниҳад бар замин, Ки имрӯз пирӯзии рӯзи мост, Баланд осмон ахтарафрӯзи мост. Бад ояд бар эшон зи гуфтори бад, Бад ояд ба пеши бад аз кори бад. Гар эдун, ки нерӯ диҳад додгар, Падид оварад Рахши рахшон ҳунар. Бар ин дашт ман гӯрсоне кунам, Барӯмандро шӯрсоне кунам. Яке аз шумо сӯи лашкар шавед, Бикӯшеду бо бод ҳамбар шавед. Бикӯшед, чун ман биҷунбам зи ҷой, Шумо барфарозед санҷу дарой. Заминро саросар кунед обнӯс, Ба гарди саворону овои кӯс. Бикӯбед кӯполу гурзи гарон, Чу пӯлодро путки оҳангарон. Зи анбӯҳи эшон мадоред бок, Зи дарё ба абр андароред хок. Бидарред сафҳои Сақлобу Чин, Набояд, ки бинад ҳаворо замин. Ҳама дида бар миғфари ман ниҳед, Чу ман бархурӯшам, дамеду диҳед». В-аз он ҷойгаҳ рафт чун пили маст, Яке гурзаи говпайкар ба даст. Хурӯшон сӯи маймана роҳ ҷуст, Зи лашкар сӯи Кундур омад нахуст. Ҳама маймана пок барҳам дарид, Басе таргу сар буд, ки шуд нопадид.