345. РАЗМИ ШАНГУЛ БО РУСТАМ ВА ГУРЕХТАНИ ШАНГУЛ
Биғуррид Шангул ба пеши сипоҳ,
«Манам, - гуфт, - гурдафкани размхоҳ.
Бубинам, ки он марди сагзӣ ба чанг
Чӣ дорад зи мардонагӣ сози ҷанг».
Чу овози Шангул ба Рустам расид,
Зи лашкар нигаҳ карду ӯро бидид.
Чунин гуфт, к-«Аз кирдгори ҷаҳон
Наҷустам ҷуз ин ошкору ниҳон,
Ки бегонае з-ин бузург анҷуман
Далерӣ кунад, разм ҷӯяд зи ман.
На Шангул бимонам, на хоқони Чин,
На гурдону мардони Туронзамин».
Бари Шангул омад, ба овоз гуфт,
Ки «Эй баднажоди фурӯмояҷуфт!
Маро ном Рустам кунад Золи Зар,
Ту сагзӣ чаро хонӣ, эй бадгуҳар?
Нигаҳ кун, ки сагзӣ кунун марги туст,
Кафан бегумон ҷавшану тарги туст».
Бигуфт ину баркард кӯҳи гарон,
Ба ҷанг - андарун найзаи ҷонситон.
Даромад бар ӯ пилтан ҳамчу бод,
Ба кин бозуи паҳлавӣ баркушод.
Яке найза зад, баргирифташ зи зин,
Нагунсор карду задаш бар замин.
Бар ӯ бар гузар кард, ӯро нахаст,
Ба шамшер бурд он замон тез даст.
Бирафтанд аз он рӯй кундоварон,
Ба заҳр обдода париндоварон.
Яке ҳамла карданд бар паҳлавон,
Зи туркони Сақлоб в-аз ҳиндувон.
Гирифтанд чун гӯраш андар миён,
Рабуданд Шангул зи пили жиён.
Ба ҷон Шангул аз дасти Рустам биҷаст,
Зиреҳ буду ҷавшан танашро нахаст.
Гурезону рухсорагон пур зи чин,
Ҳаме рафт то пеши хоқони Чин.
Чунин гуфт Шангул, ки «Ин мард нест,
Ба гетӣ кас ӯро ҳамовард нест.