Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

344. ОҒОЗИ РАЗМ

Чу баргашт Пирон, зи ҳар ду гурӯҳ Замин шуд ба кирдори рахшанда кӯҳ. Чунин гуфт Рустам ба эрониён, Ки «Ман ҷангро баста дорам миён. Шумо як ба як сар пур аз кин кунед, Бурӯҳои ҷангӣ пур аз чин кунед, Ки имрӯз разми бузург аст пеш, Падид ояд андозаи гургу меш. Маро гуфта буд он ситорашинос, Аз ин разм будам дил андар ҳарос, Ки разме бувад дар миёни ду кӯҳ, Ҷаҳонро бишӯяд ба хун ҳамгурӯҳ. Шаванд анҷуман кордида меҳон, Дар он разм бемард гардад ҷаҳон. Паи кин ниҳон гардад аз рӯи бум, Шавад гурзи пӯлод бар сони мум. Ҳар он кас, ки ояд бари ман ба ҷанг, Шумо дил мадоред аз он кор танг. Ду дасташ бубандам ба хамми каманд, Агар ёр бошад сипеҳри баланд. Шумо сар ба сар ҳамгинон, ҳамгурӯҳ, Мабошед аз он номдорон сутӯҳ. Маро гар ба разм - андар ояд замон, Намирам ба базм - андарун бегумон. Туро ном бояд, ки монад дароз, Намонӣ ҳаме, кор чандин масоз. Дил андар сарои сипанҷӣ мабанд, Бас эмин машав дар сарои газанд. Агар ёр бошад равон бо хирад, Ба неку ба бад рӯзро нашмарад. Худованди тоҷу худованди ганҷ Набандад дил андар сарои сипанҷ». Чунин дод посух ба Рустам сипоҳ, Ки «Фармони ту бартар аз чарху моҳ. Чунон разм созем бо теғи тез, Ки монад зи мо ном то растахез». Зи ду рӯя танг андаромад сипоҳ, Яке абр, гуфтӣ, баромад сиёҳ,