343. САРЗАНИШ КАРДАНИ РУСТАМ БО ПИРОН
Ҳаме рафт Шангул миёни ду саф,
Яке теғи ҳиндӣ гирифта ба каф.
Яке чатри ҳиндӣ зи сар то ба пой
Гирифта ҳама чатр парри ҳумой.
Паси пушту дасти чапу дасти рост
Ҳаме рафт бо ӯ аз он сӯ, ки хост.
Чу Пирон чунон дид, дил шод кард,
Зи разми Таҳамтан сар озод кард.
Ба Ҳумон чунин гуфт, к-«Имрӯз кор
Ба коми дили мо кунад рӯзгор.
Бад-ин созу чандин савори далер,
Сарафроз ҳар як ба кирдори шер,
Ту имрӯз пеши саф - андар мапой,
Як имрӯзу фардо макун разм рой.
Паси пушти хоқони Чинӣ биист,
Ки дар разм будан туро рӯй нест,
Ки гар зобулӣ бо дурафши сиёҳ
Бубинад туро, кор гардад табоҳ.
Бубинед, то чун бувад кори мо,
Чӣ бозӣ кунад бахти бедори мо».
В-аз он ҷойгаҳ шуд бад-он анҷуман,
Ба ҷое ки буд паҳлавон пилтан.
Фуруд омаду офарин кард чанд,
Ки «Фаррух аз ту сипеҳри баланд.
Мабодо, ки рӯзи ту гирад нишеб,
Мабодо, ки ояд ба рӯяш ниҳеб.
Чу рафтам зи назди ту, эй паҳлавон,
Паёмат бидодам ба пиру ҷавон.
Бигуфтам ҳунарҳои ту, ҳар чӣ буд,
Зи гетӣ туро худ кӣ ёрад ситуд?
Ҳам аз оштӣ рондаму ҳам зи ҷанг,
Сухан гуфтам аз ҳар даре ранг-ранг.
Ба фарҷом гуфтанд, к-ин чун кунем,
Ки аз рои ту кина берун кунем.
Тавон дод ганҷу зару хоста,
Зи мо ҳар чи ӯ хоҳад ороста.
Нашояд гунаҳгор додан бад-ӯй,
Барандешу ин розҳо боз ҷӯй.