342. ЛАШКАР ОРОСТАНИ ЭРОНИЁН ВА ТУРОНИЁН
Чу бинмуд хуршеди рахшон кулоҳ,
Чу симинсипар гашт рухсори моҳ.
Битарсид моҳ аз паи гуфтугӯй,
Ба хамм андаромад, бипӯшид рӯй.
Табира баромад зи даргоҳи Тус,
Шуд аз гарди аспон ҷаҳон обнус.
Замин нилгун шуд, ҳаво пур зи гард,
Бипӯшид Рустам силеҳи набард.
Рада баркашиданд эронсипоҳ,
Писар ҷангҷӯву падар кинахоҳ.
Сӯи маймана пури Кашвод буд,
Ки бо ҷавшану гурзи пӯлод буд.
Фарибурз бар майсара ҷой ҷуст,
Дили номдорон зи кина бишуст.
Ба қалб - андарун Туси Нӯзар ба пой,
Намонд он замон бар замин низ ҷой.
Таҳамтан биёмад ба пеши сипоҳ,
Ки дорад ялонро зи душман нигоҳ.
В-аз он рӯй хоқон ба қалб андарун
Зи пилон замин сар ба сар нилгун.
Абар маймана Кундури шермард,
Савори диловар ба гоҳи набард.
Сӯи майсара ҷангдида Гаҳор,
Замин хаста бар зери наъли савор.
Ҳаме гашт Пирон ба пеши сипоҳ,
Биёмад бари Шангули кинахоҳ.
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй номбардори Ҳинд,
Зи Шарвон ба фармон туро то ба Синд,
Маро гуфта будӣ, ки фардо пагоҳ
Зи ҳар сӯ ба ҷанг андарорам сипоҳ.
В-аз он пас биҷӯям зи Рустам набард,
Сарашро зи абр андарорам ба гард».
Бад-ӯ гуфт Шангул: «Ман аз гуфти хеш
Нагардам, набинӣ зи ман камму беш.
Шавам ҳам кунун пеши он гурдгир,
Танашро бидӯзам ба пайкони тир.
Аз ӯ кини Комус ҷӯям ба ҷанг,
Бар эрониён - бар кунам кор танг».