341. СУХАН ГУФТАНИ РУСТАМ БО ЛАШКАРИ ХЕШ
В-аз ин рӯй Рустам ялонро бихонд,
Суханҳои боиста чанде биронд
Чу Тусу чу Гударзу Руҳҳому Гев,
Фарибурзу Густаҳму Харроди нев.
Чу Гургини корозмуда савор,
Чу Бежан фурӯзандаи корзор
Таҳамтан чунин гуфт, к-«Эй бихрадон,
Ҳушивору бедордил мӯбадон,
Касеро, ки Яздон кунад некбахт,
Сазовор бошад варо тоҷу тахт.
Ҷаҳонгиру пирӯз бошад ба ҷанг,
Натарсад зи пилу наҳангу паланг.
Зи Яздон бувад зӯр, мо худ кием,
Бад-ин тира хок - андарун бар чием?
Набояд кашидан гумони бадӣ,
Раҳи эзадӣ бояду бихрадӣ,
Ки гетӣ намонад ҳаме бар касе,
Набояд бад-ӯ шод будан басе.
Ҳунар мардумӣ бошаду ростӣ,
Зи кажжӣ бувад каммиву костӣ.
Чу Пирон биёмад бари ман дамон,
Сухан гуфт бо доғи дил як замон,
Ки аз некуӣ бо Сиёвуш чӣ кард,
Чӣ омад ба рӯяш зи тимору дард?
Фарангисро аз дами аждаҳо
Ба гуфтори ӯ буд, ки омад раҳо.
Або он ки андар дилам шуд дуруст,
Ки Пирон ба кин кушта ояд нахуст.
Бародар-шу фарзанд дар пеши ӯй,
Басе богуҳар номвар хеши ӯй.
Абар дасти Кайхусрав Афросиёб
Шавад кушта, ин дидаам ман ба хоб.
Чунон дон, ки як тан намонад ба ҷой,
Магар кушта афканда дар зери пой.
Валекин нахоҳам, ки бар дасти ман
Шавад кушта ин сарвари анҷуман,
Ки ӯро ҷуз аз ростӣ пеша нест,
Зи бад дар дилаш ҳеч андеша нест.