Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

340. РОЙ ЗАДАНИ ТУРОНИЁН АЗ ҶАНГИ ЭРОНИЁН

В-аз он ҷо биёмад ба лашкар чу бод, Касеро ки буданд висанажод, Яке анҷуман карду букшод роз, Чунин гуфт к-«Омад нишебу фароз. Бидонед, к-ин шердил Рустам аст, Бад-ин размгоҳ аз дари мотам аст. Бузургону шерони Зобулситон, Ҳамон номдорони Кобулситон, Чу Гударзи Кашводу чун Геву Тус Ба ноком разме бувад бофусӯс. Чу ӯ кинакаш бошаду раҳнамой, Саворони гетӣ надоранд пой. Зи туркон гунаҳгор ҷӯяд ҳаме, Дил аз бегуноҳон бишӯяд ҳаме, Ки донӣ, к-аз эдар гунаҳгор нест, Дили шоҳ аз ӯ пур зи тимор нест. Нигаҳ кун, ки ин бум вайрон шавад, Ба коми далерони Эрон шавад. На пиру ҷавон монад эдар, на шоҳ, На ганҷу сипоҳу на тахту кулоҳ. Ҳаме гуфтам ин шоҳӣ бедодро, Ки чандин мадор оташу бодро, Ки рӯзе шавӣ ногаҳон сӯхта, Хирад сӯхта, чашму дил дӯхта. Набурд он ҷафопеша фармони ман На фармони он номдор анҷуман. Биканд он гаронмоя шаҳро зи ҷой, Назад бо далери хирадманд рой. Бубинӣ, ки на тоҷ монад, на гоҳ, На пилони ҷангӣ, на тахту кулоҳ. Бад-ин шоддил шоҳи Эрон бувад, Ғаму дард баҳри далерон бувад. Дареғ он далерону чандин сипоҳ, Ки бо фарру бурзанду бо тоҷу гоҳ. Ба тороҷ бинӣ ҳама з-ин сипас, Набаргардад аз размгаҳ шод кас. Бикӯбанд моро ба наъли сутур, Шавад оби ин бахти бедор шӯр.