339. ОМАДАНИ ПИРОН НАЗДИ РУСТАМ
Ҳаме рафт Пирон пур аз дарду бим,
Дил аз кори Рустам шуда бар ду ним.
Биёмад ба наздики Эронсипоҳ,
Хурӯшид, к-«Эй меҳтари размгоҳ!
Шунидам, к-аз ин лашкари бешумор
Зи туркон маро кардаӣ хостор.
Хиромидан аз пеши он анҷуман
Бад-ин анҷуман, то чӣ хоҳӣ зи ман».
Чу огоҳ шуд Рустами сарфароз,
Ки омад зи туркон яке размсоз.
Ба наздики ӯ шуд зи пеши сипоҳ,
Ниҳода ба сар-бар зи оҳан кулоҳ.
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй турк, номи ту чист?
Бад-ин омадан рою коми ту чист?»
Чунин дод посух, ки «Пирон манам,
Сипаҳдори он номдорон манам.
Зи Ҳумони Виса маро хостӣ,
Ба хубӣ забонро биёростӣ.
Дилам тез буд бо ту, эй паҳлавон,
Бигӯӣ кадомин зи номоварон?»
Бад-ӯ гуфт: «Ман Рустами Зобулӣ,
Зиреҳпӯш, бо ханҷари кобулӣ»
Чу бишнид Пирон аз он сарфароз,
Фуруд омад аз аспу бурдаш намоз.
Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Эй паҳлавон,
Дурудат зи хуршеди равшанравон.
Ҳам аз Хусрави номдори ҷаҳон,
Сарафроз шоҳу паноҳи меҳон,
Ҳам аз модараш - духти Афросиёб,
Ки меҳри ту бинад ҳама шаб ба хоб».
Бад-ӯ гуфт Пирон, ки «Эй пилтан,
Дурудат зи Яздону он анҷуман.
Зи некидиҳиш офарини ту бод,
Фалакро гузар бар нигини ту бод!
Зи яздон сипосу бад-ӯям паноҳ,
Ки дидам туро зинда бар ҷойгоҳ.
Завора, Фаромарзу Дастони Сом,
Ки ҳастанд бинодилу шодком,