Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

338. РОЙ ЗАДАНИ ПИРОН БА ҲУМОН ВА ХОҚОН

Бишуд тез Ҳумон ҳам андар замон, Шуда гуна аз рӯю ранг аз рухон. Ба Пирон чунин гуфт, к-«Эй некбахт, Бад афтод моро аз ин кор сахт. Чунин шердил Рустами Зобулист, Бад-ин лашкар акнун бибояд гирист. Сухан гуфту бишнид посух басе, Ҳаме кард ёд аз бади ҳар касе. Нахуст, эй бародар, маро ном бурд, Зи кини Сиёвуш басе баршумурд. Зи кори гузашта ҳаме кард ёд, Зи вайрону обод в-аз кому дод. Зи Баҳром в-аз тухми гударзиён, Зи ҳар кас, ки омад бад-эшон зиён, Ба ҷуз бар ту бар кас надидам-ш меҳр, Фаровон сухан гуфту букшод чеҳр. Аз ин лашкар акнун туро хостаст, Надонам, ки бар дил чӣ оростаст. Бирав, то бубиниш найза ба даст, Чу кӯҳе, ки бар кӯҳ дорад нишаст. Або ҷавшану гурзу бабри баён, Ба зер-андарун жандапили дамон. Бубинӣ, к-аз ин ман нагуфтам дурӯғ, Ҳаме гирад оташ зи теғаш фурӯғ. Туро то набинад, наҷунбад зи ҷой, Зи баҳри ту мондаст з-он сон ба пой. Чу бишнид, бо вай сухан нарм гӯй, Бараҳна макун теғу тундӣ маҷӯй». Чунин гуфт Пирон, ки «Эй сарфароз, Битарсам, ки омад замонам фароз. Гар эдун, ки ин теғзан Рустам аст, Бар ин дашт моро гаҳи мотам аст. Фитод оташ андар бару буми мо, Надонам чӣ кард ахтари шуми мо». Бишуд пеши хоқон пур аз оби чашм, Ҷигархаставу дил пур аз доғу хашм. Бад-ӯ гуфт, к-«Эй шоҳ тезӣ макун, Ки акнун дигар гашт моро сухун.