Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
449. Разм кардани Кайхусрав бори дигар бо Афросиёб
Сапедадамон гоҳи бонги хурӯс Зи даргоҳ бархост овози кӯс. Сипоҳе биёмад ба ҳомун зи ганг, Ки бар мӯру бар пашша шуд роҳ танг.
448. Гузаштани Кайхусрав ба Ҷайҳун
Чу Кайхусрав омад бад-он рӯи об, Аз ӯ дур шуд хӯрду орому хоб. Сипаҳ чун гузар кард аз он сӯи рӯд, Фиристод аз он пас ба ҳар кас дуруд,
447. Расидани Афросиёб ба Гангдиж
Чу аз разм баргашт Афросиёб, Чу боди дамон тез бигзашт об. Сипаҳ дар сипоҳи Қарохон расид, Ҳаме гуфт ҳар кас, ба ҷанг ончӣ дид.
446. Фатҳнома навиштани Кайхусрав ба Ковус
Бифармуд, то пеши ӯ шуд дабир, Биёвард қиртосу мушку абир. Навиштанд нома ба Ковушоҳ, Чунон чун сазо буд, аз он размгоҳ.
445. Кушта шудани Шеда бар дасти Хусрав
Фуруд омад аз пушти шабранг шоҳ, Зи сар баргирифт он каёнӣ кулоҳ. Ба Руҳҳом дод он гаронмоя асп, Биёмад ба кирдори озаргушасп.
444. Посух фиристодани Кайхусрав
Афросиёбро Бифармуд, то Қорани некхоҳ Шавад бозу посух гузорад зи шоҳ, Ки «Ин кори мо деру душвор гашт,
443. Посух фиристодани Кайхусрав ба Афросиёб
Чу бишнид Хусрав зи Қоран сухан, Ба ёд омадаш рӯзгори куҳан. Бихандид Хусрав зи кори ниё В-аз он ҷустани чораву кимиё.
442. Пайғом фиристодани Афросиёб ба наздики Кайхусрав
Ба Шеда бигуфт: «Эй ҷаҳондор пур, Ки бодо бад аз рӯзгори ту дур, Чу бо Хусрав оҳанг дорӣ ба ҷанг, Магардон дили худ бар ин кор танг.
441. Огоҳӣ ёфтани Кайхусрав аз омадани Афросиёб ба ҷанги ӯ
Чу огоҳ шуд шаҳрёри ҷаҳон Зи гуфтори бедор корогаҳон. Зи туркону аз кори Афросиёб, Ки овард лашкар бар ин рӯи об.
440. Огоҳӣ ёфтани Афросиёб аз кушта шудани Пирон ва лашкар оростани Кайхусрав
Сипаҳдори туркон аз он рӯи Чоҷ Нишаста ба ором бар тахти оҷ. Ду бора зи лашкар ҳазорон ҳазор Сипаҳ буд бо олати корзор.
439. ОҒОЗИ ДОСТОН
Лашкар оростани Кайхусрав бо Афросиёб Чу шуд кори Гударзу Пирон ба сар, Ба ҷанги дигар шоҳи пирӯзгар
438. Ҷанги Бузурги Кайхусрав бо Афросиёб андар ситоиши Султон Маҳмуд
Зи Яздон бар он шоҳ бод офарин, Ки нозад бар ӯ тахту тоҷу нигин. Худованди тоҷу худованди ганҷ, Худованди шамшеру хафтону ранҷ,
437. Бозомадани Бежан бо Густаҳам
В-аз он пас хурӯш омад аз дидагоҳ, Ки гарди саворон баромад зи роҳ. Се аспу се кушта бар ӯ баста зор Ҳаме бинам аз дур бо як савор.
436. Дахма кардани Кайхусрав бар Пирон ва
сарони Турон ва куштан Гурӯи Зиреҳро Чу аз рӯз нӯҳ соат андаргузашт, Хур аз гунбади чархи гардон бигашт, Ҷаҳондор Хусрав ба назди сипоҳ
435. Дидани Бежан Густаҳамро ба марғзор
Чу гетӣ зи хуршед шуд равшано, Расид андар он ҷойгаҳ Бежано. Ҳаме гашт бар гирди он марғзор, Ки ёбад нишоне зи гумкарда ёр.
434. Кушта шудани Лаҳҳок ва Фаршедвард ба дасти Густаҳам
Расид андар он ҷойгаҳ Густаҳам Ки буданд гурдони Турон ба ҳам. Наванд аспи ӯ бӯи аспон шунид, Хурӯше бароварду андардамид.
433. Рафтани Бежан аз паси Густаҳам
Камар басту барсохт мар ҷангро, Ба зин андаровард шабрангро. Ба Гев огаҳӣ шуд, ки Бежан чӣ кард, Камар баст бар ҷанги Фаршедвард.
432. Рафтани Густаҳм аз паси Лаҳҳок ва Фаршедвард
Бипӯшид Густаҳм диръи набард, Зи гурдон киро дид, падруд кард. Бурун тохт аз лашкари хешу рафт Ба ҷанги ду турки сарафроз тафт.
431. Бидиданд кушта ба дидори хеш
Сипаҳбад, бародар ҷаҳондори хеш. Або даҳ савори гузида сарон, Зи туркон далерони ҷанговарон. Бад-он дидагаҳ зору ҷӯшон шуданд,
430. Зорӣ кардани Лаҳҳок ва Фаршедвард бар Пирон
Зи кӯҳи Канобад ҳаме дидабон Бидид он шигифтиву омад давон. Чунин гуфт: «Гар чашми ман тира нест, Аз андоза дидори ман хира нест.
429. Разми Гургин ва Андаримон
Чу Гургин ба ҳаштум бишуд кинахоҳ, Або Андаримон зи Туронсипоҳ. Ҷаҳондидаву коркарда ду мард Бирафтанду ҷустанд ҷои набард.
428. РАЗМИ БЕЖАН БО РӮИН
Шашум Бежану Геву Рӯин дамон Ба зеҳ барниҳоданд ҳар ду камон. Чапу рост гаштанд бо якдигар. Нашуд тирашон аз камон коргар.
427. РАЗМИ РУҲҲОМ БО БОРМОН
Ба панҷум чу Руҳҳоми Гударз буд, Ки бо Бормон ӯ набард озмуд. Камон баргирифтанду тиру хаданг, Баромад хурӯши саворони ҷанг.
426. РАЗМИ ФИРӮҲИЛ БО ЗАНГУЛА
Чаҳорум Фирӯҳил буду Зангула Ду ҷангӣ ба кирдори шери яла. Ба Эрон набарда ба тиру камон Набуд чун Фирӯҳил дигар бегумон.
425. Синонҳои найза ба ҷанги савор
Фурӯ рехт аз ҳавли он корзор. Камонҳо гирифтанду тири ҳаданг Як андар дигар тохта бедиранг. Ҳаме зинда боист мар Гевро,

