Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
474. Раҳо кардани Кайхусрав Ҷаҳнро аз банд
ва додан подшоҳии Турон ӯро Бифармуд то Ҷаҳни Афросиёб Биёранд дар пеш бо ҷоҳу об. Бирафтанд фармонбарон пеши ӯй,
473. Боз омадани Ковус ва Хусрав ба Порс
Зи Яздон чу шоҳ орзӯҳо биёфт, Зи дарё сӯи хони озар шитофт. Басе зар бар оташ барафшонданд, Ба замзам басе офарин хонданд.
472. Гирифтор шудани Афросиёб бори дувум
ва кушта шудани ӯ ва Гарсеваз Забони ду меҳтар пур аз гуфтугӯй, Равони парастанда пурҷустуҷӯй. Куҷот он савориву майдону гӯй,
471. Гурехтани Афросиёб аз дасти Ҳум
Чу он шоҳро Ҳум бозу бубаст, Ҳаме бурд ӯро зи ҷои нишаст. Бад-ӯ гуфт, эй марди ботарсу бок, Парастору донанда Яздони пок.
470. Гирифтор шудани Афросиёб бар
дасти Ҳум аз нажоди Фаридун В-аз он пас чунон буд, ки Афросиёб, Ҳаме гашт ҳар ҷой бехурду хоб. На эмин ба ҷону на тан судманд,
469. Бозомадани Кайхусрав ба назди ниё
Дили шоҳ аз он огаҳӣ тоза шуд, Ту гуфтӣ, ки бар дигар андоза шуд. Бар айвонҳо тахти заррин ниҳод, Ба хона-дар ороиши Чин ниҳод.
468. Бозгаштани Кайхусрав аз Турон ба Эронзамин
Чу будан ба Ганг-андарун шуд дароз, Ба дидори Ковусаш омад ниёз. Ба Густаҳми Нӯзар супурд он замин Зи Қипчоқ то пеши дарёи Чин.
467. Бозгаштани Кайхусрав зи Гангдиж сӯи Сиёвушгирд
Бад-он гаҳ, ки бедор гардад хурӯс, Зи даргоҳ бархост овои кӯс. Сипоҳи шитобандаву роҳҷӯй Ба сӯи биёбон ниҳоданд рӯй.
466. Расидани Кайхусрав ба Ганг
Сипаҳро биёрост, рӯзӣ бидод, Зи Яздони некидиҳиш кард ёд. Ҳаме гуфт, ҳар кас, ки ҷӯяд бадӣ, Бупечад зи бодафраи эзадӣ.
465. Гузаштани Кайхусрав аз оби Зиреҳ
Чу омад ба наздики оби Зиреҳ, Кушоданд гурдон миён аз гиреҳ. Ҳама корсозони дарё ба роҳ Зи Чину зи Мукрон ҳаме бурд шоҳ.
464. Разми Кайхусрав бо шоҳи Мукрон ва кушта шудани шоҳи Мукрон
Биёмад чу наздики Мукрон расид, Зи лашкар ҷаҳондидае баргузид. Бари шоҳи Мукрон фиристоду гуфт, Ки «Бо шаҳрёрон хирад бод ҷуфт.
463. Пайғом фиристодани Кайхусрав наздики
фағфури Чин ва шоҳи Мукрон Зи лашкар фиристодагон баргузид, Ки гӯянду донанд гуфту шунид. Фиристод кас назди хоқони Чин,
462. Посухи номаи Хусрав аз Ковусшоҳ
В-аз он пас биёмад хиромон дабир, Биёвард қиртосу мушку абир. Навиштанд посух, ки аз кирдгор Шудам шоду хушнуд аз ин рӯзгор,
461. Фиристодани Кайхусрав бандиён ва
Ганҷ назди Ковус бо нома Аз он шод шуд шоҳу бинвохтшон, Якояк бар андоза биншохтшон. Дари ганҷҳои ниё баркушод,
460. Расул фиристодани хоқони Чин назди Кайхусрав
Чу огоҳӣ омад ба Мочину Чин, Зи туркону аз шоҳи Эронзамин, Бупечид фағфуру хоқон ба дард, Зи тахти меҳӣ ҳар касе ёд кард.
459. Номаи Афросиёб ба Кайхусрав
Сипаҳдори туркон аз он анҷуман Гузин кард корозмуда ду тан. Паёме фиристод наздики шоҳ, Ки «Кардӣ фаровон зи лашкар табоҳ
458. Огоҳӣ ёфтани Кайхусрав аз омадани Афросиёб бо лашкари фағфур
Пас огоҳӣ омад зи Чину Хутан, В-аз Афросиёб андар он анҷуман. Ки фағфури Чин бо вай анбоз гашт, Ҳама кишвари Чин пуровоз гашт.
457. Номаи Кайхусрав ба Ковус ба Навиди Фирӯзӣ
Дабири писандидаро пеш хонд, Сухан ҳар чи боист, бо ӯ биронд. Сари нома кард офарин аз нахуст Бар –он, к-ӯ замин аз бадиҳо бишуст.
456. Зинҳор додани Хусрав хешони
Афросиёбро Зи лашкар гузин кард пас бихрадон, Ҷаҳондидаву коркарда радон. Бад-эшон чунин гуфт, к-«Обод бод
455. Разми Кайхусрав бо Афросиёб ва гирифта шудани Гангдиж
Шаби тира то сар зад аз чарх шед, Бибуд кӯҳ чун пушти пили сапед. Ҳаме лашкар орост Афросиёб, Саворе зи туркон куҷо ёфт хоб.
454. Посух додани Кайхусрав Ҷаҳнро
Чу аз Ҷаҳн бишнид гуфтор шоҳ, Ҳаме кард хандон бар ӯ-бар нигоҳ. Ба посух чунин гуфт, к-«Эй номҷӯй, Шунидем сар то сар ин гуфтугӯй.
453. Омадани Ҷаҳн бо пайғоми Афросиёб назди Кайхусрав
Дигар рӯз чун хур баромад зи роғ, Ниҳод аз бари чарх заррин чароғ, Хурӯше баромад баланд аз ҳисор, Пурандеша шуд з-он дили шаҳрёр.
452. Омадани Кайхусрав ба пеши Гангдиж
Севум ҳафта Кайхусрав омад ба ганг, Шунид он ғави ною овои ҷанг. Бихандиду баргашт гирди ҳисор, Бимонд андар он гардиши рӯзгор.
451. Номаи Афросиёб наздики Фағфури Чин
Яке номае сӯи фағфури Чин Навиштанд бо сад ҳазор офарин. Чунин гуфт, к-аз гардиши рӯзгор Наёмад маро баҳра ҷуз корзор.
450. Паноҳ гирифтани Афросиёб дар Гангбиҳишт
Шаби тира чун рӯи зангӣ сиёҳ Кас омад зи Густаҳми Нӯзар ба шоҳ, Ки «Шоҳи ҷаҳон ҷовидон зинда бод! Ки мо бозгаштем пирӯзу шод.

