Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дар қафасаш фикандаам кӯҳнадили шикастаро,
Дар қафасаш фикандаам кӯҳнадили шикастаро, Ҳадя намекунам ба кас ҷомаи обшустаро. Раста ба раста мебарад қавм матоъи фақрро, Кӯча ба кӯча мекашад халқ вуҷуди ха
Бигӯяндам, ки камтар гӯ суханҳои китобиро,
Бигӯяндам, ки камтар гӯ суханҳои китобиро, Ки хушкистони рӯҳи мо бихоҳад лаҳни обиро. Саҳархезон, ки дарсомӯзи мактабхонаи субҳанд, Забони нур медонанду ҳарфи о
Дили озод, чу ту ҳамқафасе нест маро,
Дили озод, чу ту ҳамқафасе нест маро, Ҷуз ту, эй дур, дигар дастрасе нест маро. Ишқ ҳам ҳавсала мехоҳад, аё қалби лаванд, Тапише нест турову ҳавасе нест маро.
Берун шав аз мурдоби шак, бар диданам боло баро,
Берун шав аз мурдоби шак, бар диданам боло баро, Аз ин лаҷанолудагӣ худро ба худ поло, баро. Эй бадгумон аз оина, зангор дар чашмони туст, Хоҳӣ, ки рӯшан биниям
Ҷоне, ки ба инзиво гароид,
Ҷоне, ки ба инзиво гароид, паймуд тамоми бекаронро, Чашме, ки зи рози шаб хабар ёфт, афрӯхт чароғи ахтаронро.
Вақт, бигзор, ки таҳрир кунам фардоро,
Вақт, бигзор, ки таҳрир кунам фардоро, Рӯди навсамт шавам, тоза кунам маҷроро. Баъди сад соли ғурубам, ки касе ёд накард, Мурдаи ман бишамад роиҳаи Исоро.
Умре ба ҳам дилбастаем, аммо ҷудоему ҷудо,
Умре ба ҳам дилбастаем, аммо ҷудоему ҷудо, Як лаҳза дидоре расад, он ҳам шавад сарфи видоъ. Хомӯш чун исторагон тобем бо ҳам як назар, Чашмони ман гӯяд «бирав»,
Рафтем, биёмезем бо вусъати нопайдо,
Рафтем, биёмезем бо вусъати нопайдо, Бо олиҳаи хуршед, бо роиҳаи саҳро. Хуршед, шабехун зан бар ғори ғариби ман, Фатҳи мани одӣ кун, эй аз ҳама беҳамто.
Офарин, эй ки зи сифр оғоз кардӣ корро,
Офарин, эй ки зи сифр оғоз кардӣ корро, Андак-андак то фалак бардоштӣ деворро. Бо чӣ шавкат осмони абрии урдибиҳишт Мекунад бар хок холӣ соғари саршорро.
Эй офтоби гармхун, тобон кун обони маро,
Эй офтоби гармхун, тобон кун обони маро, Эй сабзрӯҳ, оғӯш кун даймоҳи урёни маро. Бар рӯди рӯҳонӣ расон аз эҳтиёҷи ташнагон, Бар чашмаи қудсӣ бигӯ сӯзи биёбони
Ошноӣ охир омад, инзиво бояд маро,
Ошноӣ охир омад, инзиво бояд маро, Инзиво ҳам тангдил шуд, ошно бояд маро. Умрҳо беҳуда ҷустам илтифоти кадхудо, Кадхудо бигзор, алтофи Худо бояд маро.
Одамӣ меборад, аммо боз ман танҳову танҳо,
Одамӣ меборад, аммо боз ман танҳову танҳо, Шаҳр мепечад ба ғавғо, боз ман танҳову танҳо. Ҳар кӣ побанди ғами худ, ғарқи ташвишу тараддуд, Ҳар сару сад гуна савд
Ангушти ҷон, ки мешунавад набзи хомаро,
Ангушти ҷон, ки мешунавад набзи хомаро, Мавзун мекунад зарабони чакомаро. Андар лабат каломи шакарпораам биёр, Хушбахт кун ба тӯҳфа мани шаҳдкомаро.
Аз пушти сина дасти кӣ барканд лоларо,
Аз пушти сина дасти кӣ барканд лоларо, Аз хомӯшии лола кӣ бишнид ноларо. Эй ишқ, эй ки мӯъҷизаи ғайб мекунӣ, Таъмир кун харобаи милярдсоларо.
Аждаҳо шуд ғами ман, то зи дарун хӯрд маро,
Аждаҳо шуд ғами ман, то зи дарун хӯрд маро, Оби оина чу гирдоби бало бурд маро. Хурд шуд, хурд шуду тӯъмаи тимсоҳе гашт, Офтоби қафаси сина, ки пажмурд маро.
Аз пардаҳои чашм бияфшон ғуборро,
Аз пардаҳои чашм бияфшон ғуборро, Шодӣ бубахш ҳастии фурсатшуморро. Гарм аст, маҳфиле, ки ту бошию чун туе, Эй меҳрубон, тарона бибанд ин баҳорро.
483. Андарз кардани Кайхусрав ба эрониён
Чунин гуфт пас шоҳ бо Золи Зар Ки «Акнун бубандед яксар камар. Туву Рустаму Тусу Гударзу Гев, Дигар ҳар ки ӯ номдор асту нев,
482. Посух додани Кайхусрав ва пӯзиш кардани Зол
Чу Кайхусрав он гуфти эшон шунид, Замоне барошуфту дам даркашид. Ба андеша гуфт: «Эй ҷаҳондида Зол, Ба мардӣ беандоза бишмурда сол.
481. Накӯҳиш кардани Зол Кайхусравро
Шунид ин сухан Золу бар пой хост, Чунин гуфт, к-«Эй хусрави роду рост, Зи пири ҷаҳондида бишнав сухун, Чу каж оварад рой, посух макун,
480. Посух додани Кайхусрав Золро
Чу бишнид Хусрав зи Дастон сухун, Яке донишӣ посух афканд бун. Бад-ӯ гуфт, к-Эй пири покизамағз, Ҳама рою гуфторҳои ту нағз.
479. Андарз кардани Зол Кайхусравро
Шашум ҳафтаро Золу Рустам ба ҳам Расиданд бе кому дил пур зи ғам. Чу эрониён огаҳӣ ёфтанд, Ҳама доғдил пеш биштофтанд.
478. Дар хоб дидани Кайхусрав Сурушро
Чу эшон бирафтанд, бедоршоҳ Бифармуд, то пардаи боргоҳ Фурӯҳишту биншаст дарбон ба дар Ба навмедӣ аз шоҳи пирӯзгар.
477. Хондани Эрониён Зол ва Рустамро
Чу як ҳафта бугзашту нанмуд рӯй, Баромад басе ғулғулу гуфтугӯй. Ҳама паҳлавонон шуданд анҷуман, Бузургони фарзонаву ройзан.
476. Пижӯҳиш кардани бузургон аз бор бастани Кайхусрав
Ҳама паҳлавонони эронсипоҳ Шигифте фурӯ монд аз кори шоҳ. Аз он номдорони рӯзи набард, Ҳаме ҳар яке дигар андеша кард.
475. Ноумед гаштани Кайхусрав аз ҷаҳон
Пурандеша шуд моявар ҷони шоҳ Аз он эзадӣ кору он дастгоҳ. Ҳаме гуфт ҳар ҷой обод бум Зи Ҳинду зи Чин-андарун то ба Рум,

