Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дили озод, чу ту ҳамқафасе нест маро,

Дили озод, чу ту ҳамқафасе нест маро, Ҷуз ту, эй дур, дигар дастрасе нест маро. Ишқ ҳам ҳавсала мехоҳад, аё қалби лаванд, Тапише нест турову ҳавасе нест маро. На, зи ту шиква намудан ҳама аз ношукрист, Ғайри ту қотили исинафасе нест маро. Баҳри ин хидмати беминнати чандинсола Чӣ нисорат кунам охир, ки хасе нест маро. Бе ту хомӯштарин, бо туям овозтарин, Ишқ, хуш бош, ки ҷуз ту ҷарасе нест маро. Милиён наҷм нашуд ҳамшарари як хуршед, Як туӣ, як ту, назири ту касе нест маро.