Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Берун шав аз мурдоби шак, бар диданам боло баро,

Берун шав аз мурдоби шак, бар диданам боло баро, Аз ин лаҷанолудагӣ худро ба худ поло, баро. Эй бадгумон аз оина, зангор дар чашмони туст, Хоҳӣ, ки рӯшан биниям, зангорро биздо, баро. Берун баро аз фикри бад, аз наҳсбоди деву дад, Гар пурғашӣ, он ҷо бимон, гар тозаӣ, ин ҷо баро. Ин давру даврон кӯтаҳ аст, ин нозу ҷавлон кӯтаҳ аст, Бар кӯтаҳии худ бубин, з-имрӯзи бефардо баро. Бар орифе гуфтам, бигӯ сирри сарафрозии худ, Ӯ гуфт: бигзар аз ниёз, боре ба истиғно баро. Ҳар гардро аз пешу пас, эй дил, ту ҳам бар худ магир, Он сон, ки мешояд туро, вораставу зебо баро.