Ҷоне, ки ба инзиво гароид,
Ҷоне, ки ба инзиво гароид,
паймуд тамоми бекаронро,
Чашме, ки зи рози шаб хабар ёфт,
афрӯхт чароғи ахтаронро.
Эй аз паи ҳеч раҳ гирифта,
бардор назар зи ранги сунъӣ,
Барбанд ба рӯи босафое боре нигаҳи ҳавасчаронро.
Ай Хусрави мулки бевафоӣ,
Ширин ба Шакар намефурӯшанд,
Бар лаззати ғайбате набахшой
шодии ҳузури дигаронро.
Оинаи дил кунам чиҳилшӯ,
зангори қадимаро зудоям,
Зеро, ки мубашшири муҳаббат
кӯбад дари покҷавҳаронро.
Гуфтам, ки майи маҷоз кам хур,
аз мастии тан қадам фаро неҳ,
Гуфтӣ нафикандаанд аз арш
бар дӯши ту кори доваронро.
Шайтони сиришти худ накуштем,
бо ғайр чӣ мекунем пайкор,
Бар разми бузургтар бихонед з-он
размчаҳо бародаронро.
Гӯянд, ки мурд хуни Машриқ,
рӯҳи фалаҷаш зи пар задан монд,
Бархез, ай офтоби улвӣ, афрӯз ҷабини Ховаронро!