Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Вақт, бигзор, ки таҳрир кунам фардоро,

Вақт, бигзор, ки таҳрир кунам фардоро, Рӯди навсамт шавам, тоза кунам маҷроро. Баъди сад соли ғурубам, ки касе ёд накард, Мурдаи ман бишамад роиҳаи Исоро. Эй маро аз ҳама пайдотару нопайдотар, Дар куҷоҳо, ки наҷустам туи нопайдоро. Ихтисори шафақ аз субҳи ман, эй дӯст, накун, Ба саҳарханда бибур гардани ин шабҳоро. Сахт бошад, ки кашам қофилаи не-неро, Саҳл бошад, ки барам силсилаи ҳо-ҳоро. Омадӣ, ёр, ки бар хотири ман боз орӣ Ишқро, отифаро, оинаро, дарёро. Омадӣ, ёр, ки бар хотири ман боз орӣ Он мани бехабари гумшудаи танҳоро. Заҳмати омаданатро нафикан бар фардо, Пур кун аз шаъшааи хеш ҳамин ҳолоро.