Умре ба ҳам дилбастаем, аммо ҷудоему ҷудо,
Умре ба ҳам дилбастаем, аммо ҷудоему ҷудо,
Як лаҳза дидоре расад, он ҳам шавад сарфи видоъ.
Хомӯш чун исторагон тобем бо ҳам як назар,
Чашмони ман гӯяд «бирав», чашмони ту гӯяд «биё».
Чун ашк бесабрӣ кунад, ман бигзарам зуд аз барат,
Он лаҳзаи деромада ин гуна монад дар қафо.
Бо ёди дидори дигар умрам биёғозад зи сар,
Эй вой, ишқи бесамар кай мерасад бар интиҳо.
Тақдири ту саргаштааст, толеъ маро баргаштааст,
Аз кӣ хато бигзаштааст, аз мову ту ё аз қазо.
Оғози ман бо номи ту, ҳар шеъри ман пайғоми ту,
Бодо ҳама бар коми ту, эй матлаи ҳарфу ҳиҷо.
Дигар чӣ аз ин гирумон, бо дигарӣ, бо ӯ бимон,
Эй орзуи ҷовидон, бодо паноҳат бар Худо.