Рафтем, биёмезем бо вусъати нопайдо,
Рафтем, биёмезем бо вусъати нопайдо,
Бо олиҳаи хуршед, бо роиҳаи саҳро.
Хуршед, шабехун зан бар ғори ғариби ман,
Фатҳи мани одӣ кун, эй аз ҳама беҳамто.
Дар дидаи охурбин дирӯзаму мозиям,
Дар дидаи охирбин фардояму пасфардо.
Кибрам ҳама аз аҷз аст, инкори ман аз иқрор,
Яъне, ки ниёзам ман дар пардаи истиғно.
Бо қавм напаймояд, бо хеш наосояд
Ин ҷавҳари беқолаб в - ин қолаби бемаъно.
Ман қитъаи ҳафтумам, эй қитъакушои ишқ,
Бикшо, ту маро бикшо, паймо, ту маро паймо.