Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Офарин, эй ки зи сифр оғоз кардӣ корро,

Офарин, эй ки зи сифр оғоз кардӣ корро, Андак-андак то фалак бардоштӣ деворро. Бо чӣ шавкат осмони абрии урдибиҳишт Мекунад бар хок холӣ соғари саршорро. Осмон, аз осмонӣ ҳеч истеъфо надеҳ, Ҷуз ту натвонад касе сомон кунад ин корро. Эй дили аршӣ, машав фаршӣ барои ҳоҷате, Аз ту хориҷ мекунам фикри каму бисёрро. Бояд ӯро ҳафтшӯи чашмҳои носавоб, Ҳар кӣ дар оинаи ту бингарад зангорро. Дӯстро гуфтам: Чӣ дастовез бар пирӣ барӣ, Гуфт: бо худ мебарам як доман истиғфорро. То маро аз он табиби ғайб ёрӣ мерасад, Ман ба номат менависам беҳтарин тӯморро.