Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй офтоби гармхун, тобон кун обони маро,

Эй офтоби гармхун, тобон кун обони маро, Эй сабзрӯҳ, оғӯш кун даймоҳи урёни маро. Бар рӯди рӯҳонӣ расон аз эҳтиёҷи ташнагон, Бар чашмаи қудсӣ бигӯ сӯзи биёбони маро. Васли ту кай мефаҳмадам аз дурдасти орзу, Ҳаҷри ту медонад фақат рози шабистони маро. Бечора васл аз бехудӣ пар - пар заду ноком монд, Васле, ки ҳаргиз ҳис накард оғӯши ҳиҷрони маро. Милён диле бемори ту, аммо дили фарзона ку, Дар байни сад пайдо шинос, эй дӯст, пинҳони маро. Бикшой чашмони маро бори дигар бар оина, Бори дигар бар зиндагӣ барбанд имони маро. Фатвои озодӣ биёр бар фитрати занҷирбанд, Чун осмон бинмо васеъ, эй ишқ, зиндони маро. Беҷону бесурат шудам, эй сурати ҷон, бозгард, Хушбахт кун, хушбахт кун, хушбахт чашмони маро.