Ошноӣ охир омад, инзиво бояд маро,
Ошноӣ охир омад, инзиво бояд маро,
Инзиво ҳам тангдил шуд, ошно бояд маро.
Умрҳо беҳуда ҷустам илтифоти кадхудо,
Кадхудо бигзор, алтофи Худо бояд маро.
Манъ кун мошинаро, ман мефароям, эй ҳабиб,
Ҳамчу гул маҳмилкаше ранги сабо бояд маро.
Манъ кун мошинаро, ман мефароям, эй ҳаёт,
Марг раҳбон асту медонад куҷо бояд маро.
Хокро дидам, ҳама наҳс асту пастиву риё,
Ишқ медонад, ки авҷи кибриё бояд маро.
Гуфтаӣ: Доруи ман ҳарфи масеҳоии туст,
Ин аҷаб бин, он чӣ мебояд туро, бояд маро.