Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Одамӣ меборад, аммо боз ман танҳову танҳо,

Одамӣ меборад, аммо боз ман танҳову танҳо, Шаҳр мепечад ба ғавғо, боз ман танҳову танҳо. Ҳар кӣ побанди ғами худ, ғарқи ташвишу тараддуд, Ҳар сару сад гуна савдо, боз ман танҳову танҳо. Бо дили оташпарасте, бо умеди бешикасте, Кист он дилхоҳи якто, боз ман танҳову танҳо. То ту, эй шаҳруди Сайҳун, бо тапиданҳои мавзун Мешавӣ бо ман ҳамово, боз ман танҳову танҳо. Бо дили масту хурӯшон андар ин шаҳри хамӯшон То насозам шӯр барпо, боз ман танҳову танҳо. Бо чунин пиндору даъво, бо чунин уммеди воло Медиҳам худро тасалло, боз ман танҳову танҳо. Бо ҳазорон ошное, ҳамсадое, ҳамнавое Мондаам дар ҷумла дунё боз ман танҳову танҳо.