Ангушти ҷон, ки мешунавад набзи хомаро,
Ангушти ҷон, ки мешунавад набзи хомаро,
Мавзун мекунад зарабони чакомаро.
Андар лабат каломи шакарпораам биёр,
Хушбахт кун ба тӯҳфа мани шаҳдкомаро.
Розам чаро бараҳна ба номаҳрамон расид,
Қосид магар дарид гиребони номаро.
Он сон ки ҷома таъна занад бар бараҳнагӣ,
Урёнӣ инчунин шумарад айби ҷомаро.
Ҳаққо, ки атр ҳаст, валекин димоғ нест,
Омода кун ба роиҳаи ишқ шомаро.
Субҳе биёву гул бинишон дар гулолаам
В-аз офтоб дар сари худ неҳ амомаро.
Моро фаротар аз ҳама ин сӯи худ бихон,
Фикри биҳишту дӯзаху барзах деҳ омаро.