Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Аз пушти сина дасти кӣ барканд лоларо,

Аз пушти сина дасти кӣ барканд лоларо, Аз хомӯшии лола кӣ бишнид ноларо. Эй ишқ, эй ки мӯъҷизаи ғайб мекунӣ, Таъмир кун харобаи милярдсоларо. Дар растаҳои кӯҳнафурӯшон ниҳодаам Дилрову чанд гуна аз ин кӯҳнаколаро. Айбам макун, ки маърифати ман накардаӣ, Маҳро шинохт он, ки барандохт ҳоларо. Дастур деҳ зи хӯрдани ғамҳои умрхор, Парҳез бояд ин дили беистиҳоларо.